АСОСӢ

ҶАЛБИ БЕШТАРИ ХОНАНДАГОН БА ОМӮЗИШИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ
АСОСӢ, НАВИД, Хабарҳо

ҶАЛБИ БЕШТАРИ ХОНАНДАГОН БА ОМӮЗИШИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ

20 январ дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо мақсади амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (2020-2040) сессияи зимистонаи Академияи хурди илмҳо баргузор гардид. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳо хабар медиҳад, дар сессия зиёда аз 60 аъзои Академияи илмҳои хурд аз ҳисоби хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ иштирок намуданд. Ҳадафи асосии сессия бохабар шудан аз корҳои илмию навиштани мақолаҳои илмӣ на танҳо дар маҷаллаҳои оммавӣ, инчунин дар маҷаллаҳои тақризшаванда, дарёфти ҳуқуқи муаллифӣ, шаҳодатнома ва патент аз ҳисоби ихтироъкорӣ, навоварӣ ва дар сатҳи баланд маъруза намудани корҳои илмии хонандагони Академияи хурди илмҳо мебошад. Ҳоло 15 бахши ихтисосии Академияи хурди илмҳ...
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Вазири федералии корҳои хориҷӣ, Вазири федералии молия ва Раиси Бонки миллии Швейтсарияро ба ҳузур пазируфтанд
АСОСӢ, НАВИД, Президент, СИЁСАТ, Хабарҳо, Хориҷӣ

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Вазири федералии корҳои хориҷӣ, Вазири федералии молия ва Раиси Бонки миллии Швейтсарияро ба ҳузур пазируфтанд

2 июл дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири федералии корҳои хориҷӣ Инясио Кассис, Вазири федералии молия Карин Келлер-Зуттер ва Раиси Бонки милии Швейтсария Томас Ҷорданро ба ҳузур пазируфтанд.Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Швейтсария ва робитаҳои онҳо дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалию минтақавӣ баррасӣ гардид.“Мо Конфедератсияи Швейтсарияро шарики боэътимоди худ дар арсаи байналмилалӣ медонем ва кишвари Шумо дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон мақоми хосса дорад” -изҳор доштанд дар оғози вохӯрӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.Густариши минбаъдаи робитаҳо дар ҳама соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз қабили бахшҳои сиёсӣ, робитаҳои байнипарлумонӣ, иқтисодӣ ва кишоварзӣ судбахш н...
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Покистон
АСОСӢ, НАВИД, СИЁСАТ, Хабарҳо, Хориҷӣ

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Покистон

2 июл баррасии масоили рушду густариши муносибатҳои дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Покистон дар мулоқоти хосаи сарони давлатҳо оғоз гардида, дар вохӯрӣ бо иштироки ҳайатҳои васеъи ду ҷониб идома ёфт.Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олиқадр — Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф ва ҳайати расмии ин кишварро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд.“Мо имкониятҳои тиҷоративу иқтисодии Покистон, мавқеи геостратегӣ ва нуфузи онро дар минтақаи Осиёи Ҷанубӣ ва ҷаҳони ислом хеле муҳим медонем. Аз ин рӯ, алоқаманди таҳкиму тавсеаи ҳамкории худ бо кишвари бародари Покистон ҳастем”, — таъкид доштанд дар оғози мулоқот Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.Дар ҷараёни вохӯрӣ фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмиву техникӣ в...
«ТОҶИКИСТОН-2024». Имрӯз дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ оғоз меёбад
АСОСӢ

«ТОҶИКИСТОН-2024». Имрӯз дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ оғоз меёбад

Имрӯз дар маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2024» оғоз мегардад, ки то 5 май идома меёбад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.Намоишгоҳ аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад.Дар намоишгоҳ ширкатҳои бонуфузи ватаниву хориҷӣ, аз ҷумла аз Русия, Беларус, Туркманистон, Узбекистон, Эрон, Чин, Покистон ва Туркия маҳсулоташонро муаррифӣ менамоянд.Ҳамчунин дар намоишгоҳ маҳсулот ва намудҳои гуногуни хизматрасонии ширкатҳои беҳтарини ватанӣ, ки ҳам дар бозори дохилӣ ва ҳам дар хориҷи ҷумҳурӣ маъруф мебошанд, муаррифӣ мешаванд.Намоишгоҳ ба густариши минтақавии фаъолияти иқтисодии ширкатҳои иштироккунанда ва пешбурди маҳсу...
Дар Душанбе машваратҳои сиёсии Тоҷикистон ва Озарбойҷон баргузор шуданд
АСОСӢ, СИЁСАТ, Хориҷӣ

Дар Душанбе машваратҳои сиёсии Тоҷикистон ва Озарбойҷон баргузор шуданд

Дар шаҳри Душанбе даври навбатии машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор гардид. Ҳайатҳои ҷонибҳоро муовинони вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Озарбойҷон роҳбарӣ намуданд.Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, зимни мулоқот масъалаҳои мубрами муносибатҳои ду давлат дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва ғайра муфассал баррасӣ гардиданд. Таваҷҷуҳи хосса ба омода намудани муҳтавои мулоқотҳои дарпешистодаи Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар сатҳи олӣ зоҳир шуд.Ҳамчунин доир ба ҳамкории ду мамлакат дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ табодули афкор карда шуд.Аз натиҷаи машваратҳо байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Озарбойҷон Ёддошти тафоҳум ...
Дар Женева бо ташаббуси Тоҷикистон чорабинии давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид марбут ба обу иқлим баргузор шуд
АСОСӢ

Дар Женева бо ташаббуси Тоҷикистон чорабинии давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид марбут ба обу иқлим баргузор шуд

Бо ташаббуси Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар Женева дар ҳамкорӣ бо Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ чорабинии давлатҳои аъзои СММ марбут ба обу иқлим баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария хабар медиҳад.Зимни чорабинӣ иштирокчиён масъалаҳои обу иқлим ва роҳҳои нави ҳамкорӣ, чорабиниҳои муҳими сатҳи баланд дар самти об ва иқлим, аз ҷумла Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (COP 28, COP 29), Форуми ҷаҳонии об ва Конфронси оби Душанберо мавриди баррасӣ қарор доданд.Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария дар назди шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкило...
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектеновро ба ҳузур пазируфтанд
АСОСӢ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектеновро ба ҳузур пазируфтанд

30 апрел дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Олжас Бектеновро, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард, ба ҳузур пазируфтанд.Дар мулоқот маҷмуи масоили дӯстӣ ва ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон баррасӣ шуд.“Мояи хушнудӣ аст, ки шарикии стратегии Тоҷикистон ва Қазоқистон дар тамоми соҳаҳо босуръат густариш меёбад ва мо манфиатдорем, ки заминаи ҳамкории ду давлат минбаъд ҳам мустаҳкам шавад”, – изҳор доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат.Олжас Бектенов дар навбати худ чунин изҳор дошт: “Дар Қазоқистон нақши Шуморо баҳри ташаккул ва рушди муносибатҳои ду давлат баланд арзёбӣ менамоянд. Тоҷикистонро мо шарики боэътимоди...
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи бофандагии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик»-ро ифтитоҳ намуданд
АСОСӢ, Дастовард, Дастовардҳо, ИҚТИСОД

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи бофандагии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик»-ро ифтитоҳ намуданд

20 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ифтихори Рӯзи пойтахт дар маҳаллаи Навбаҳори ноҳияи Сино корхонаи бофандагии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик»-ро ифтитоҳ намуданд.Дар корхона коркарди пилла то сатҳи ниҳоӣ анҷом дода шуда, аз абрешим атласу адраси аълосифат истеҳсол карда мешавад. Айни замон дар корхона ва парваришгоҳи он дар як баст 300 нафар бо кори доимӣ таъмин гардиданд.Зимни муаррифии намунаи парвариши кирмак дар шароити анъанавӣ маълумот дода шуд, ки ҳадаф аз барқароркунии тутзор дар ҳама шаҳру ноҳияҳои мамлакат рушду равнақи соҳа мебошад.Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми...
Маъракаҳои пурдабдаба, хароҷоти беҳуда ва хурофотпарастӣ ба сатҳи зиндагонии аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонад
АСОСӢ, Хабарҳо

Маъракаҳои пурдабдаба, хароҷоти беҳуда ва хурофотпарастӣ ба сатҳи зиндагонии аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонад

Гузаштаро набояд фаромӯш кард. Калонсолон нағз дар ёд доранд, ки то даврони соҳибистиқлолӣ барои адои заруриятҳои динӣ имкон ва иҷозат набуд. Дар мамлакат ҳамагӣ 34 масҷид, аз ҷумла 17 масҷиди ҷомеъ ва 15 калисо, фаъолият дошт. Мардум пинҳонӣ адои намоз менамуданд. На ҳар кас ба ҳаҷи фарзӣ ва ё умра рафта метавонист, вале бо вуҷуди чунин маҳдудият дар он замон на ифротӣ буду на террористи динӣ ва на фитнаву дасисаи динӣ. Ҳоло дар ҷумҳурӣ миқдори масҷидҳо зиёда аз чор ҳазор адад буда, ба 2000 нафар як масҷид рост меояд. Чунин изҳор намудааст узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент Мурод Шукурзода дар ҳошияи мулоқоти Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходи...
Ҳайати Тоҷикистон дар маҷлиси машваратии давлатҳои электорати ҷаласаҳои баҳории Хазинаи Байналмилалии Асъор ва гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ иштирок намуд
АСОСӢ, НАВИД, Хориҷӣ

Ҳайати Тоҷикистон дар маҷлиси машваратии давлатҳои электорати ҷаласаҳои баҳории Хазинаи Байналмилалии Асъор ва гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ иштирок намуд

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини аввали Сарвазири мамлакат Ҳоким Холиқзода дар Вашингтон дар маҷлиси машваратии мамлакатҳои электорати ҷаласаҳои баҳории Хазинаи Байналмилалии Асъор /ХБА/ ва гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ иштирок намуд.Ба АМИТ «Ховар» дар Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки дар маҷлиси навбатии мамлакатҳои электорат масъалаҳои ноустувории молиявӣ дар ҷаҳон, таъмини суботи иқтисодӣ, сиёсати пулию қарзӣ бо назардошти хатарҳои геополитикӣ, беҳтар кардани дурнамои миёнамуҳлати рушд, таъсири номуайянӣ ва хатарҳо дар пасманзари муноқишаҳои давомдор баррасӣ гардиданд.Роҳбари ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон — муовини якуми Сарвазири мамлакат Ҳоким Холиқзода аз нақши Хазинаи Байналмилалии Асъор ва гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон ёдовар шуда, ...