Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи бофандагии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик»-ро ифтитоҳ намуданд
20 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ифтихори Рӯзи пойтахт дар маҳаллаи Навбаҳори ноҳияи Сино корхонаи бофандагии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик»-ро ифтитоҳ намуданд.Дар корхона коркарди пилла то сатҳи ниҳоӣ анҷом дода шуда, аз абрешим атласу адраси аълосифат истеҳсол карда мешавад. Айни замон дар корхона ва парваришгоҳи он дар як баст 300 нафар бо кори доимӣ таъмин гардиданд.Зимни муаррифии намунаи парвариши кирмак дар шароити анъанавӣ маълумот дода шуд, ки ҳадаф аз барқароркунии тутзор дар ҳама шаҳру ноҳияҳои мамлакат рушду равнақи соҳа мебошад.Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми...

