ИҚТИСОД

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи бофандагии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик»-ро ифтитоҳ намуданд
АСОСӢ, Дастовард, Дастовардҳо, ИҚТИСОД

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи бофандагии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик»-ро ифтитоҳ намуданд

20 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ифтихори Рӯзи пойтахт дар маҳаллаи Навбаҳори ноҳияи Сино корхонаи бофандагии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик»-ро ифтитоҳ намуданд.Дар корхона коркарди пилла то сатҳи ниҳоӣ анҷом дода шуда, аз абрешим атласу адраси аълосифат истеҳсол карда мешавад. Айни замон дар корхона ва парваришгоҳи он дар як баст 300 нафар бо кори доимӣ таъмин гардиданд.Зимни муаррифии намунаи парвариши кирмак дар шароити анъанавӣ маълумот дода шуд, ки ҳадаф аз барқароркунии тутзор дар ҳама шаҳру ноҳияҳои мамлакат рушду равнақи соҳа мебошад.Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми...
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Иттиҳодияи Истеҳсолии Нассоҷии Тоҷик» шинос шуданд
АСОСӢ, Дастовард, ИҚТИСОД, НАВИД

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Иттиҳодияи Истеҳсолии Нассоҷии Тоҷик» шинос шуданд

13 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Иттиҳодияи Истеҳсолии Нассоҷии Тоҷик» шинос шуданд.Ҳадаф аз ташрифи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ шиносоӣ бо фаъолияти имрӯза ва нақшаву дурнамои навсозии корхонаи «Нассоҷии Тоҷик» мебошад.Зимни шиносоӣ бо фаъолияти иттиҳодияи истеҳсолӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин барои ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ, ворид намудани технологияи муосир, навсозии ин корхонаи азими саноатӣ, боло бурдани иқтидори истеҳсолии корхона ва таъ...
Соли 2024 дар Бадахшон зиёда аз 40 корхонаи саноатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад
АСОСӢ, Дастовард, ИҚТИСОД, НАВИД

Соли 2024 дар Бадахшон зиёда аз 40 корхонаи саноатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад

Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дар доираи Солҳои рушди саноат соли 2024 дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зиёда аз 40 корхонаи саноатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад. Дар ин хусус АМИТ “Ховар” бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар медиҳад.Солҳои охир соҳаи саноати вилоят тамоюли мусбии рушдро нигоҳ дошта, дар баъзе самтҳо суръати афзоиш бомаротиб зиёд таъмин мешавад.Тибқи нақшаи пешбинишуда, давоми солҳои 2022-2026 бояд 92 корхона ва коргоҳҳои нави истеҳсолӣ бо 1378 ҷойи корӣ сохта ба истифода дода шавад.Бояд таъкид намуд, ки танҳо дар соли 2023 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 24 корхона бо 213 ҷои корӣ ба истифода дода шуд. ...
Воридоти мошинҳои барқӣ ба Тоҷикистон афзудааст
ИҚТИСОД

Воридоти мошинҳои барқӣ ба Тоҷикистон афзудааст

Воридоти мошинҳои барқӣ ба Тоҷикистон афзудааст. Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки танҳо соли 2023 тақрибан 1,5 ҳазор мошини барқӣ харид шудааст. Тибқи хабари манбаъ, Тоҷикистон дар оянда ният дорад, ки ҳиссаи автомобилҳои барқиро то 20-30 фоиз афзоиш диҳад. Ин тадбирҳо дар доираи татбиқи «Барномаи рушди нақлиёти барқӣ барои солҳои 2023-2028» ба нақша гирифта шудаанд, ки лоиҳаи он аз ҷониби Вазорати нақлиёт таҳия ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2022 тасдиқ гардидааст. Барнома ба рушди технологияҳои хизматрасонии мошинҳои барқӣ нигаронида шуда, дар натиҷаи татбиқи он ҷойҳои нави корӣ пайдо мешаванд ва вобастагии Тоҷикистонро аз сӯзишвории воридотӣ коҳиш медиҳад. Инчунин бо гузаштан ба нақлиёти барқӣ ҳаҷми партови газҳои гулхонаӣ, к...
Масъалаи тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Ҷопон дар соҳаи сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт
ИҚТИСОД

Масъалаи тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Ҷопон дар соҳаи сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод бо роҳбари Намояндагии Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (JICA) дар Тоҷикистон Имаи Сейдзю мулоқот намуд.  Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳӣ  хабар медиҳад. Зимни вохӯрӣ масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ҷопон оид ба соҳаи сайёҳӣ тавассути Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон, аз ҷумла ҷараёни татбиқи лоиҳаҳои  он  дар мамлакат мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар фарҷоми суҳбат ҳавасмандии ҷонибҳо ҷиҳати тақвияти ҳамкории минбаъда баён гардид. ...