Хабарҳо

ҶАЛБИ БЕШТАРИ ХОНАНДАГОН БА ОМӮЗИШИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ
АСОСӢ, НАВИД, Хабарҳо

ҶАЛБИ БЕШТАРИ ХОНАНДАГОН БА ОМӮЗИШИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ

20 январ дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо мақсади амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (2020-2040) сессияи зимистонаи Академияи хурди илмҳо баргузор гардид. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳо хабар медиҳад, дар сессия зиёда аз 60 аъзои Академияи илмҳои хурд аз ҳисоби хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ иштирок намуданд. Ҳадафи асосии сессия бохабар шудан аз корҳои илмию навиштани мақолаҳои илмӣ на танҳо дар маҷаллаҳои оммавӣ, инчунин дар маҷаллаҳои тақризшаванда, дарёфти ҳуқуқи муаллифӣ, шаҳодатнома ва патент аз ҳисоби ихтироъкорӣ, навоварӣ ва дар сатҳи баланд маъруза намудани корҳои илмии хонандагони Академияи хурди илмҳо мебошад. Ҳоло 15 бахши ихтисосии Академияи хурди илмҳ...
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Вазири федералии корҳои хориҷӣ, Вазири федералии молия ва Раиси Бонки миллии Швейтсарияро ба ҳузур пазируфтанд
АСОСӢ, НАВИД, Президент, СИЁСАТ, Хабарҳо, Хориҷӣ

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Вазири федералии корҳои хориҷӣ, Вазири федералии молия ва Раиси Бонки миллии Швейтсарияро ба ҳузур пазируфтанд

2 июл дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири федералии корҳои хориҷӣ Инясио Кассис, Вазири федералии молия Карин Келлер-Зуттер ва Раиси Бонки милии Швейтсария Томас Ҷорданро ба ҳузур пазируфтанд.Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Швейтсария ва робитаҳои онҳо дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалию минтақавӣ баррасӣ гардид.“Мо Конфедератсияи Швейтсарияро шарики боэътимоди худ дар арсаи байналмилалӣ медонем ва кишвари Шумо дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон мақоми хосса дорад” -изҳор доштанд дар оғози вохӯрӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.Густариши минбаъдаи робитаҳо дар ҳама соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз қабили бахшҳои сиёсӣ, робитаҳои байнипарлумонӣ, иқтисодӣ ва кишоварзӣ судбахш н...
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Покистон
АСОСӢ, НАВИД, СИЁСАТ, Хабарҳо, Хориҷӣ

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Покистон

2 июл баррасии масоили рушду густариши муносибатҳои дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Покистон дар мулоқоти хосаи сарони давлатҳо оғоз гардида, дар вохӯрӣ бо иштироки ҳайатҳои васеъи ду ҷониб идома ёфт.Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олиқадр — Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф ва ҳайати расмии ин кишварро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд.“Мо имкониятҳои тиҷоративу иқтисодии Покистон, мавқеи геостратегӣ ва нуфузи онро дар минтақаи Осиёи Ҷанубӣ ва ҷаҳони ислом хеле муҳим медонем. Аз ин рӯ, алоқаманди таҳкиму тавсеаи ҳамкории худ бо кишвари бародари Покистон ҳастем”, — таъкид доштанд дар оғози мулоқот Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.Дар ҷараёни вохӯрӣ фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмиву техникӣ в...
Маъракаҳои пурдабдаба, хароҷоти беҳуда ва хурофотпарастӣ ба сатҳи зиндагонии аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонад
АСОСӢ, Хабарҳо

Маъракаҳои пурдабдаба, хароҷоти беҳуда ва хурофотпарастӣ ба сатҳи зиндагонии аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонад

Гузаштаро набояд фаромӯш кард. Калонсолон нағз дар ёд доранд, ки то даврони соҳибистиқлолӣ барои адои заруриятҳои динӣ имкон ва иҷозат набуд. Дар мамлакат ҳамагӣ 34 масҷид, аз ҷумла 17 масҷиди ҷомеъ ва 15 калисо, фаъолият дошт. Мардум пинҳонӣ адои намоз менамуданд. На ҳар кас ба ҳаҷи фарзӣ ва ё умра рафта метавонист, вале бо вуҷуди чунин маҳдудият дар он замон на ифротӣ буду на террористи динӣ ва на фитнаву дасисаи динӣ. Ҳоло дар ҷумҳурӣ миқдори масҷидҳо зиёда аз чор ҳазор адад буда, ба 2000 нафар як масҷид рост меояд. Чунин изҳор намудааст узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент Мурод Шукурзода дар ҳошияи мулоқоти Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходи...
Дар Наврӯз тоҷикистониёнро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Хабарҳо

Дар Наврӯз тоҷикистониёнро чӣ гуна ҳаво интизор аст?

Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносии мамлакат, дар ҷумҳурӣ  21-22 март дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Хатлон ва ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон боронҳои  бошиддат пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои водию доманакӯҳии ҷумҳурӣ ҳарорати ҳаво то 7-9 дараҷа паст мешавад. Дар ин рӯзҳо дар минтақаҳои доманакӯҳию кӯҳии ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон сар задани зуҳуроти сел аз эҳтимол дур нест. То 23 март дар минтақаҳои доманакӯҳию кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, шоҳроҳи автомобилгарди Душанбе-Чанок ва ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сар задани зуҳуроти тарма дар назар аст. Дар вилояти Хатлон 20 ва 23 март ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, 21 ва 22 март борон пешгӯӣ мешавад. 21 март ва шабонаи 22 март дар баъзе ноҳияҳо борони бошиддат мебо...
НАВРӮЗ ҶАҲОНӢ ШУД! Суратгузориш аз оғози тантанаҳои наврӯзӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе
Хабарҳо

НАВРӮЗ ҶАҲОНӢ ШУД! Суратгузориш аз оғози тантанаҳои наврӯзӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе

Мувофиқи қарори Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид 21 март Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон гардида, акнун Наврӯз ҳамасола дар тамоми ҷаҳон таҷлил мегардад. Баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон Наврӯз бо тамоми шукуҳу ҷалолаш эҳё гашта, ба ҷашни асосии миллии тоҷикон табдил ёфт ва имрӯзҳо дар саросари ҷумҳурӣ бошукуҳ таҷлил мешавад. Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе низ баҳри хотирмон таҷлил намудани ин ҷашни байналмилалӣ омодагиҳо оғоз ёфтанд. ...
Масъалаи зиёд намудани сармоягузорӣ ба татбиқи Неругоҳи барқи обии «Роғун» баррасӣ гардид
Хабарҳо

Масъалаи зиёд намудани сармоягузорӣ ба татбиқи Неругоҳи барқи обии «Роғун» баррасӣ гардид

Барои иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 19 марти соли 2024 тариқи видеоконфронс вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Вазири молияи Подшоҳии Арабистони Саудӣ Муҳаммад Ал-Ҷадаан баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои мамлакат. Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ба масъалаи ҷалби сармоя барои сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд. Иброз гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба густариши ҳамкории мутақобилан судманд бо Подшоҳии Арабистони Саудӣ афзалияти аввалиндараҷа медиҳанд. Вазири рушди иқтисод ва савдо аз Вазири молияи Подшоҳии...
Устодону донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Наврӯзро бо барномаи рангину намоиши анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Хабарҳо

Устодону донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Наврӯзро бо барномаи рангину намоиши анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд

Имрӯз дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷашни байналмилалии Наврӯз бо тантана оғоз гардид. Устодону донишҷӯёни донишгоҳ ин ҷашнро бо барномаи рангину савту навои дилнавоз ва намоиши анъанаҳои наврӯзӣ истиқбол намуданд. Дар оғоз ректори донишгоҳ, профессор Эмомалӣ Насриддинзода иброз дошт, ки ойину суннатҳои Наврӯз ба андозае зебову ҷаззоб, саршори ормонҳои наҷиб ва мардумиву заминӣ мебошанд, ки давоми садсолаҳо аз ҷониби бисёр халқу миллатҳои дигар пазируфта шуда, ба рукни фарҳанги онҳо табдил ёфтаанд ва ҳамчун иди миллии бисёр мардумони минтақа ва ҷаҳон ҷашн гирифта мешаванд. Зимни маҳфили идона аз ҷониби раёсату факултетҳои донишгоҳ дастовардҳои илмиву эҷодии устодону донишҷӯён ва ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ намоиш дода шуда, инчунин дар саҳни донишгоҳ равзаҳои махсус оид ба ...
РАМЗИ БАҲОРУ НАВРӮЗ. Дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе табақи суманак гузошта шуд
АСОСӢ, Хабарҳо

РАМЗИ БАҲОРУ НАВРӮЗ. Дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе табақи суманак гузошта шуд

Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни байналмилалии Наврӯз бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар чор ноҳияи пойтахт рамзи баҳору Наврӯз — табақи сабзаи суманак гузошта шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар». Дар паҳлуи табақи сабзаи суманак  дигар ороишоти ба ин ҷашн хос   низ гузошта ва дар  атрофи он сабзаю дарахтони пургул, сабадҳои гулҳои рангоранг ва дигар ороишоти наврӯзӣ насб шудаанд. Навиштаҷоти «Наврӯз муборак!» ба ин макон шукуҳи дигар  бахшидааст. Ёдовар мешавем, ки соли 2019 дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Соли нави миллӣ тасдиқ гардид. Ин рамз арчамонанд буда, аз ҳафт қабат иборат мебошад. Ҳамаи табақҳо аз давраҳо иборат буда, мазмуни гардиши ...
Наврӯз дар баробари забони тоҷикӣ бунёди худшиносии тоҷиконро низ ташаккул додааст
АСОСӢ, Хабарҳо

Наврӯз дар баробари забони тоҷикӣ бунёди худшиносии тоҷиконро низ ташаккул додааст

Бояд гуфт, ки дар масири таърихи дарози халқамон Наврӯз дар баробари забони тоҷикӣ бунёди худшиносии тоҷиконро низ ташаккул додааст. Агар забони тоҷикӣ ҳомии осори фаровону ҷовидонаи илмиву адабӣ ва ҳофизаи таърихии мардуми мо бошад, ҷашни Наврӯз дарбаргирандаву нигоҳдорандаи суннатҳои зиндаи халқ, расму ойинҳо ва фарҳанги миллӣ мебошад. Чунин баён гардидааст дар Паёми шодбошии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Наврӯзи соли 2024. Ба гуфтаи Сарвари давлат, мо бояд ба хотири ҳифзи асолатамон ба ин арзишҳои бебаҳои миллиамон ҳамеша арҷ гузорем ва онҳоро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем. Ҳамзамон ба таъкиди Пешвои миллат, тозаву озода намудани манзили зист, аз ҷумла хонасафедкунӣ, ба умеди файзу баракат ва нуру рӯшноӣ берун баровардани шикастпораҳо ва аз гиёҳу алафҳои баҳо...