НАВИД

ҶАЛБИ БЕШТАРИ ХОНАНДАГОН БА ОМӮЗИШИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ
АСОСӢ, НАВИД, Хабарҳо

ҶАЛБИ БЕШТАРИ ХОНАНДАГОН БА ОМӮЗИШИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ

20 январ дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо мақсади амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (2020-2040) сессияи зимистонаи Академияи хурди илмҳо баргузор гардид. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳо хабар медиҳад, дар сессия зиёда аз 60 аъзои Академияи илмҳои хурд аз ҳисоби хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ иштирок намуданд. Ҳадафи асосии сессия бохабар шудан аз корҳои илмию навиштани мақолаҳои илмӣ на танҳо дар маҷаллаҳои оммавӣ, инчунин дар маҷаллаҳои тақризшаванда, дарёфти ҳуқуқи муаллифӣ, шаҳодатнома ва патент аз ҳисоби ихтироъкорӣ, навоварӣ ва дар сатҳи баланд маъруза намудани корҳои илмии хонандагони Академияи хурди илмҳо мебошад. Ҳоло 15 бахши ихтисосии Академияи хурди илмҳ...
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Вазири федералии корҳои хориҷӣ, Вазири федералии молия ва Раиси Бонки миллии Швейтсарияро ба ҳузур пазируфтанд
АСОСӢ, НАВИД, Президент, СИЁСАТ, Хабарҳо, Хориҷӣ

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Вазири федералии корҳои хориҷӣ, Вазири федералии молия ва Раиси Бонки миллии Швейтсарияро ба ҳузур пазируфтанд

2 июл дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири федералии корҳои хориҷӣ Инясио Кассис, Вазири федералии молия Карин Келлер-Зуттер ва Раиси Бонки милии Швейтсария Томас Ҷорданро ба ҳузур пазируфтанд.Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Швейтсария ва робитаҳои онҳо дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалию минтақавӣ баррасӣ гардид.“Мо Конфедератсияи Швейтсарияро шарики боэътимоди худ дар арсаи байналмилалӣ медонем ва кишвари Шумо дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон мақоми хосса дорад” -изҳор доштанд дар оғози вохӯрӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.Густариши минбаъдаи робитаҳо дар ҳама соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз қабили бахшҳои сиёсӣ, робитаҳои байнипарлумонӣ, иқтисодӣ ва кишоварзӣ судбахш н...
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Покистон
АСОСӢ, НАВИД, СИЁСАТ, Хабарҳо, Хориҷӣ

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Покистон

2 июл баррасии масоили рушду густариши муносибатҳои дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Покистон дар мулоқоти хосаи сарони давлатҳо оғоз гардида, дар вохӯрӣ бо иштироки ҳайатҳои васеъи ду ҷониб идома ёфт.Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олиқадр — Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф ва ҳайати расмии ин кишварро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд.“Мо имкониятҳои тиҷоративу иқтисодии Покистон, мавқеи геостратегӣ ва нуфузи онро дар минтақаи Осиёи Ҷанубӣ ва ҷаҳони ислом хеле муҳим медонем. Аз ин рӯ, алоқаманди таҳкиму тавсеаи ҳамкории худ бо кишвари бародари Покистон ҳастем”, — таъкид доштанд дар оғози мулоқот Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.Дар ҷараёни вохӯрӣ фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмиву техникӣ в...
Ҳайати Тоҷикистон дар маҷлиси машваратии давлатҳои электорати ҷаласаҳои баҳории Хазинаи Байналмилалии Асъор ва гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ иштирок намуд
АСОСӢ, НАВИД, Хориҷӣ

Ҳайати Тоҷикистон дар маҷлиси машваратии давлатҳои электорати ҷаласаҳои баҳории Хазинаи Байналмилалии Асъор ва гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ иштирок намуд

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини аввали Сарвазири мамлакат Ҳоким Холиқзода дар Вашингтон дар маҷлиси машваратии мамлакатҳои электорати ҷаласаҳои баҳории Хазинаи Байналмилалии Асъор /ХБА/ ва гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ иштирок намуд.Ба АМИТ «Ховар» дар Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки дар маҷлиси навбатии мамлакатҳои электорат масъалаҳои ноустувории молиявӣ дар ҷаҳон, таъмини суботи иқтисодӣ, сиёсати пулию қарзӣ бо назардошти хатарҳои геополитикӣ, беҳтар кардани дурнамои миёнамуҳлати рушд, таъсири номуайянӣ ва хатарҳо дар пасманзари муноқишаҳои давомдор баррасӣ гардиданд.Роҳбари ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон — муовини якуми Сарвазири мамлакат Ҳоким Холиқзода аз нақши Хазинаи Байналмилалии Асъор ва гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон ёдовар шуда, ...
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷӣ, Иттиҳод ва рушди Британияи Кабир Дэвид Кэмеронро ба ҳузур пазируфтанд
АСОСӢ, НАВИД, Хориҷӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷӣ, Иттиҳод ва рушди Британияи Кабир Дэвид Кэмеронро ба ҳузур пазируфтанд

22 апрел дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷӣ, Иттиҳод ва рушди Британияи Кабир Дэвид Кэмеронро, ки дар доираи силсиласафараш ба Осиёи Марказӣ нахуст ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфтанд.Зимни мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир мавриди баррасӣ қарор дода шуд.«Мо Британияи Кабирро ба ҳайси шарики муҳим дар Аврупои Ғарбӣ мешиносем. Давлати мо ба рушду таҳкими муносибатҳои гуногунҷанба бо Подшоҳӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамояд», — изҳор доштанд дар оғози суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.Дэвид Кэмерон дар навбати худ аз густариши назарраси робитаҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Британияи Кабир ва дурнамои хуби он изҳори қаноатмандӣ кард.Ҷон...
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Италия ва Ватикан сафар намуданд
АСОСӢ, НАВИД, Хориҷӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Италия ва Ватикан сафар намуданд

22 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷоми сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Италия ва Ватикан сафар намуданд.Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Вазири корҳои хориҷӣ, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони корҳои дохилӣ, саноат ва технологияҳои нав, кишоварзӣ, энергетика, нақлиёт, фарҳанг, раиси Кумитаи давлатии с...
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Иттиҳодияи Истеҳсолии Нассоҷии Тоҷик» шинос шуданд
АСОСӢ, Дастовард, ИҚТИСОД, НАВИД

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Иттиҳодияи Истеҳсолии Нассоҷии Тоҷик» шинос шуданд

13 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Иттиҳодияи Истеҳсолии Нассоҷии Тоҷик» шинос шуданд.Ҳадаф аз ташрифи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ шиносоӣ бо фаъолияти имрӯза ва нақшаву дурнамои навсозии корхонаи «Нассоҷии Тоҷик» мебошад.Зимни шиносоӣ бо фаъолияти иттиҳодияи истеҳсолӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин барои ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ, ворид намудани технологияи муосир, навсозии ин корхонаи азими саноатӣ, боло бурдани иқтидори истеҳсолии корхона ва таъ...
Соли 2024 дар Бадахшон зиёда аз 40 корхонаи саноатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад
АСОСӢ, Дастовард, ИҚТИСОД, НАВИД

Соли 2024 дар Бадахшон зиёда аз 40 корхонаи саноатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад

Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дар доираи Солҳои рушди саноат соли 2024 дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зиёда аз 40 корхонаи саноатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад. Дар ин хусус АМИТ “Ховар” бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар медиҳад.Солҳои охир соҳаи саноати вилоят тамоюли мусбии рушдро нигоҳ дошта, дар баъзе самтҳо суръати афзоиш бомаротиб зиёд таъмин мешавад.Тибқи нақшаи пешбинишуда, давоми солҳои 2022-2026 бояд 92 корхона ва коргоҳҳои нави истеҳсолӣ бо 1378 ҷойи корӣ сохта ба истифода дода шавад.Бояд таъкид намуд, ки танҳо дар соли 2023 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 24 корхона бо 213 ҷои корӣ ба истифода дода шуд. ...
Тоҷикистон ва Фаронса ҳамкориро дар самтҳои илму таълим густариш медиҳанд
АСОСӢ, НАВИД, Хориҷӣ

Тоҷикистон ва Фаронса ҳамкориро дар самтҳои илму таълим густариш медиҳанд

Бо мақсади табодули донишҷӯён дар асоси бурсияҳо Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Эмомалӣ Насриддинзода бо Сафири Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Элза Пинёл вохӯрӣ намуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи миллӣ.Дар мулоқот ҷонибҳо аз муносибатҳои дуҷонибаи давлатҳо дар соҳаи маориф изҳори қаноатмандӣ намуда, мақсади вохӯриро густариш додани самтҳои илму таълим арзёбӣ намуданд. Зимни мулоқот ҷонибҳо дар самти омӯзиши забони фаронсавӣ, тоҷикӣ ва таҳқиқи осори адибон, табодули муҳаққиқону донишҷӯён, ташкил намудани даврҳои забономӯзӣ ва форумҳои байналмилалӣ табодули афкор намуданд.Гуфта шуд, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба ҳайси муассисаи пешбари низоми таҳсилоти олии касбии мамлакат дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ пешоҳанг мебошад.Дониш...
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
АСОСӢ, НАВИД

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

29 март таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.Дар кори маҷлис нахуст Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 гузориши вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода шунида шуд.Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки ҷиҳати татбиқи босамари тадбирҳо нақшаи чорабиниҳо дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 тасдиқ ва ситоди ҷумҳуриявӣ таъсис дода шавад.Воба...