Хориҷӣ

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Вазири федералии корҳои хориҷӣ, Вазири федералии молия ва Раиси Бонки миллии Швейтсарияро ба ҳузур пазируфтанд
АСОСӢ, НАВИД, Президент, СИЁСАТ, Хабарҳо, Хориҷӣ

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Вазири федералии корҳои хориҷӣ, Вазири федералии молия ва Раиси Бонки миллии Швейтсарияро ба ҳузур пазируфтанд

2 июл дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири федералии корҳои хориҷӣ Инясио Кассис, Вазири федералии молия Карин Келлер-Зуттер ва Раиси Бонки милии Швейтсария Томас Ҷорданро ба ҳузур пазируфтанд.Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Швейтсария ва робитаҳои онҳо дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалию минтақавӣ баррасӣ гардид.“Мо Конфедератсияи Швейтсарияро шарики боэътимоди худ дар арсаи байналмилалӣ медонем ва кишвари Шумо дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон мақоми хосса дорад” -изҳор доштанд дар оғози вохӯрӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.Густариши минбаъдаи робитаҳо дар ҳама соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз қабили бахшҳои сиёсӣ, робитаҳои байнипарлумонӣ, иқтисодӣ ва кишоварзӣ судбахш н...
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Покистон
АСОСӢ, НАВИД, СИЁСАТ, Хабарҳо, Хориҷӣ

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Покистон

2 июл баррасии масоили рушду густариши муносибатҳои дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Покистон дар мулоқоти хосаи сарони давлатҳо оғоз гардида, дар вохӯрӣ бо иштироки ҳайатҳои васеъи ду ҷониб идома ёфт.Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олиқадр — Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф ва ҳайати расмии ин кишварро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд.“Мо имкониятҳои тиҷоративу иқтисодии Покистон, мавқеи геостратегӣ ва нуфузи онро дар минтақаи Осиёи Ҷанубӣ ва ҷаҳони ислом хеле муҳим медонем. Аз ин рӯ, алоқаманди таҳкиму тавсеаи ҳамкории худ бо кишвари бародари Покистон ҳастем”, — таъкид доштанд дар оғози мулоқот Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.Дар ҷараёни вохӯрӣ фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмиву техникӣ в...
Дар Душанбе машваратҳои сиёсии Тоҷикистон ва Озарбойҷон баргузор шуданд
АСОСӢ, СИЁСАТ, Хориҷӣ

Дар Душанбе машваратҳои сиёсии Тоҷикистон ва Озарбойҷон баргузор шуданд

Дар шаҳри Душанбе даври навбатии машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор гардид. Ҳайатҳои ҷонибҳоро муовинони вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Озарбойҷон роҳбарӣ намуданд.Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, зимни мулоқот масъалаҳои мубрами муносибатҳои ду давлат дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва ғайра муфассал баррасӣ гардиданд. Таваҷҷуҳи хосса ба омода намудани муҳтавои мулоқотҳои дарпешистодаи Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар сатҳи олӣ зоҳир шуд.Ҳамчунин доир ба ҳамкории ду мамлакат дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ табодули афкор карда шуд.Аз натиҷаи машваратҳо байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Озарбойҷон Ёддошти тафоҳум ...
Ҳайати Тоҷикистон дар маҷлиси машваратии давлатҳои электорати ҷаласаҳои баҳории Хазинаи Байналмилалии Асъор ва гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ иштирок намуд
АСОСӢ, НАВИД, Хориҷӣ

Ҳайати Тоҷикистон дар маҷлиси машваратии давлатҳои электорати ҷаласаҳои баҳории Хазинаи Байналмилалии Асъор ва гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ иштирок намуд

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини аввали Сарвазири мамлакат Ҳоким Холиқзода дар Вашингтон дар маҷлиси машваратии мамлакатҳои электорати ҷаласаҳои баҳории Хазинаи Байналмилалии Асъор /ХБА/ ва гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ иштирок намуд.Ба АМИТ «Ховар» дар Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки дар маҷлиси навбатии мамлакатҳои электорат масъалаҳои ноустувории молиявӣ дар ҷаҳон, таъмини суботи иқтисодӣ, сиёсати пулию қарзӣ бо назардошти хатарҳои геополитикӣ, беҳтар кардани дурнамои миёнамуҳлати рушд, таъсири номуайянӣ ва хатарҳо дар пасманзари муноқишаҳои давомдор баррасӣ гардиданд.Роҳбари ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон — муовини якуми Сарвазири мамлакат Ҳоким Холиқзода аз нақши Хазинаи Байналмилалии Асъор ва гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон ёдовар шуда, ...
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷӣ, Иттиҳод ва рушди Британияи Кабир Дэвид Кэмеронро ба ҳузур пазируфтанд
АСОСӢ, НАВИД, Хориҷӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷӣ, Иттиҳод ва рушди Британияи Кабир Дэвид Кэмеронро ба ҳузур пазируфтанд

22 апрел дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷӣ, Иттиҳод ва рушди Британияи Кабир Дэвид Кэмеронро, ки дар доираи силсиласафараш ба Осиёи Марказӣ нахуст ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфтанд.Зимни мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир мавриди баррасӣ қарор дода шуд.«Мо Британияи Кабирро ба ҳайси шарики муҳим дар Аврупои Ғарбӣ мешиносем. Давлати мо ба рушду таҳкими муносибатҳои гуногунҷанба бо Подшоҳӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамояд», — изҳор доштанд дар оғози суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.Дэвид Кэмерон дар навбати худ аз густариши назарраси робитаҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Британияи Кабир ва дурнамои хуби он изҳори қаноатмандӣ кард.Ҷон...
Ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ таҳким меёбад
АСОСӢ, Хориҷӣ

Ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ таҳким меёбад

Ҳайати Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ҳадафи густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ байни гумрукӣ ба шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон сафар намуданд.Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» мудири шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеаи Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Олимҷон Азизов хабар дод.Кормандони Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Хадамоти гумрук дар бораи фаъолияти мониторҳои портали радиатсионӣ (RPM) ва системаҳои рентгенӣ дар гузаргоҳи сарҳадии Ялама дар Ҷумҳурии Узбекистон гуфтугӯи судманд анҷом доданд. Ин системаҳо барои пешгирии муомилоти ғайриқонунии ма...
Тоҷикистон ва Фаронса ҳамкориро дар самтҳои илму таълим густариш медиҳанд
АСОСӢ, НАВИД, Хориҷӣ

Тоҷикистон ва Фаронса ҳамкориро дар самтҳои илму таълим густариш медиҳанд

Бо мақсади табодули донишҷӯён дар асоси бурсияҳо Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Эмомалӣ Насриддинзода бо Сафири Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Элза Пинёл вохӯрӣ намуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи миллӣ.Дар мулоқот ҷонибҳо аз муносибатҳои дуҷонибаи давлатҳо дар соҳаи маориф изҳори қаноатмандӣ намуда, мақсади вохӯриро густариш додани самтҳои илму таълим арзёбӣ намуданд. Зимни мулоқот ҷонибҳо дар самти омӯзиши забони фаронсавӣ, тоҷикӣ ва таҳқиқи осори адибон, табодули муҳаққиқону донишҷӯён, ташкил намудани даврҳои забономӯзӣ ва форумҳои байналмилалӣ табодули афкор намуданд.Гуфта шуд, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба ҳайси муассисаи пешбари низоми таҳсилоти олии касбии мамлакат дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ пешоҳанг мебошад.Дониш...