Наврӯз — ҷашни офариниш
Абӯрайҳони Берунӣ дар китоби «ат-Тафҳим» дар бораи Наврӯз овардааст, ки Наврӯз нахустин рӯз аст аз фарвардинмоҳ ва аз ин ҷиҳат «рӯзи нав» ном кардаанд, зеро ки пешонии соли нав аст ва аввал рӯзест аз замона ва бад-ӯ фалак оғозид гаштан.
Яъне, тибқи ривоятҳои қадим Худованд фалакро офарида ва дар Наврӯз ба гардиш даровардааст. Аз тамоми ҷашну идҳое, ки дар байни миллатҳои гуногун таҷлил мегарданд, Наврӯз бо фарҳанги барҷаставу пероста муқаддамтар аст. Зеро пайдоиши онро бо аввалин гардиши фалак баробар медонанд. Инчунин зодрӯзи бузургтарин паёмбарону шоҳони асотирӣ чун Зардушт, Каюмарсу Ҳушанг дар Наврӯз будааст. Воқеъаҳои таърихие, ки ҳамеша равшанӣ бар зулмот пирӯз мешавад, дар Наврӯз ба вуқӯъ пайвастааст. Масалан Таҳмурас дар ин рӯзи фархунда девҳои табаҳкору мардумозорро дар банд асир намудааст, Фаридун дар Наврӯз Эронзаминро дар миёни се фарзандонаш — Эраҷу Салм ва Тӯр тақсим кардааст. Зардушт дар Наврӯз зода шуда, дар Наврӯз аз тарафи Аҳурамаздо ба пайғамбарӣ баргузида шудааст… Ҳатто аҳли фирқаи имомия гуфтаанд, ки ҳазрати Алӣ дар Наврӯз ба маснади хилофат расидааст. Мегӯянд, ки «дар рӯзи таҳвили офтоб ба бурҷи Ҳамал ҳазрати Муҳаммад (с) ҷонишини худ Алиро дар ҳузури қувваҳои мусаллаҳи худ расман эълон менамояд».
Аввалин оинњои наврўзї
Чањоршанбеи сурї аз аввалин љашни Наврўз ба њисоб меравад, ки дар шаби чањоршанбеи охири њар сол таљлил мегардад. Мардумон дар он шаб гулхане бузург афрўхта даври он гирд меоянд ва бо ин амал бо сармои зимистон худоњофизї мекунанд. Оташе, ки дар шаби Чањоршанбеи сурї афрўхта мешавад, зарарњои аз сардї ба халќи Худо расидаро, ки Ањриман ба он даст дорад, сўхта рафъ месозад.
Мардуми ќаламрави Наврўз бад — ин боваранд, ки дар рўзњои љашн арвоњи гузаштагон, яъне «фравањар»-њо аз осмон фуруд меоянд то ба дару даргоњ ва хешовандони худ назора кунанд. Аз ин љост, ки поку пероста кардани хонаву дар, кўчаву гузар, ба бар намудани сарулибоси наву пок аз рукнњои муњими ин љашн шуморида мешавад. Ваќте «фравањар»-њо хонаву дари худро тозаву ороста ва пайвандонро бо либоси идона мебинанд, шод мешаванд, вагарна ѓамгину мушавваш мегарданд.
Обпошон
Дигар аз оинњои асосии наврўзї «Обпошон» будааст, ки мардум дар бомдоди Наврўз худро канори нањру рўдхонањо мегиранд, ба њамдигар об мепошанд ва худро шуста, пок месозанд. Ба аќидаи мардуми ориёї палидї дар тану либос тангии ризќу тирагии рўзгор аст ва покиву оростагї баракати неъмату тансињатї мебошад.
Хонатаконї
Расм аст, ки пеш аз даромади соли нав мардум ба хонатаконї мепардозанд. Саќфу боми худро љорўб мезананд, палосу љињози хонаро метаконанд, зарфњоро пок месозанд, хонањоро тамиз ва манзилашонро аз гарду ѓубор тоза мекунанд. Дар утоќњо атр мепошанду шамъњо меафрўзанд ва аввалин чизе ки ба хони идона мегузоранд, гулу гиёњ ва сабза аст. Аксар пеш аз љашн суманак омода мекунанд.
Њадяоварї
Яке аз расмҳои маъмули Наврӯзӣ он будааст, ки дар ин айём мардумони давлатманду номдор, соҳибмансабу тоҷирон аз ҳар минтақаҳои кишвар ба шоҳ ҳадяҳо меоварданд ва ақида доштанд, ки бо чунин амал баракати корҳояшон меафзояд. Зеро дастони мубораки шоҳаншоҳ агар ба ҳадяи эшон расад, мубораку баракатафзо шуморида мешуд.
Меҳрдоди Баҳор дар китоби «Ҷусторе чанд дар фарҳанги Эрон» дар ҷое овардааст, ки дар Тахти Ҷамшед, дар оғози соли нави баҳорӣ маросиме баргузор мешуд. Дар ин маросим шоҳ намояндагони ҳар қавму миллатро ба ҳузур мепазируфт, ҳадяҳои онҳоро қабул мекард. Илова бар ин, шаҳрдорон ва намояндагони ҳамаи кишварҳое, ки таҳти фармонравоии шоҳи бузург буданд, барои пардохти хироҷи махсус меомадаанд. Ҳатто дар давраи интишори ислом дар Мовароуннаҳру Хуросон мардумон хироҷи солонаи худро дар рӯзи Наврӯз ба дарбор меоварданд ва ин дарбориёнро одат шуда буд чунон, ки онро чун иди соли нав ва баракат пазируфта буданд. Дар таърихномаҳо омадааст, ки халифаҳои араб ҳар сол дар Наврӯз дар толоре бо ҷомаҳои фохир менишастанд ва ҳадяҳоро худ мепазируфтанд. Дидори халифа дар рӯзҳои наврӯзӣ бе тақдими пешкашеву ҳадяе қобили қабул набуд. Аз аҳди бостон расми мардумони машриқзамин дар Наврӯз, ин будааст, ки ба синну мансаб хурдон ба бузургон ҳадя мебахшиданд, дороён ба нодорон ато мекарданд ва ин гуна доду диҳиш то имрӯз роиҷ аст.
Њашт рўзи Наврўз
Ҷавоҳирфурӯши фаронсавӣ Журден, ки дар айёми ҷашнгирии Наврӯз ба кишвари Форс омада буд, дар сафарномаи худ оид ба маросими наврӯзӣ қайд кардааст, ки ин мардумон Наврӯзро ҳашт рӯзи тамом таҷлил мекунанд. Рӯзи аввал наврӯзи шоҳону амлокдорон аст ва аввал коре, ки мекардаанд, дар 21 март, 47 дақиқа баъд аз тулӯъи офтоб аз тӯпхонаҳо се бор шиллик мепаронанд ва ба авом бахшишҳо медодаанд. Рӯзи дуввум махсуси шарафёбии олимону донишмандон ва махсусан ахтаршиносон будааст ва рӯзи сеюм табақаҳои дин ид мекардаанд. Қозиён дар рӯзи чаҳорум, бузургон ва аъёну ашрофи кишвар дар рӯзи панҷум ҷашн мегирифтаанд. Рӯзи шашум ҳама аз хосону авомон ба дидори ҳамдигар мешитофтаанд, ҳадяҳо медодаанд, меҳмон шуда меҳмондорӣ мекардаанд. Рӯзи ҳафтум рӯзи занону кудакон маҳсуб меёфтааст. Ва рӯзи ҳаштум хоси занон ва кӯдакони шоҳону ашрофзодагон будааст. Рӯзи аввали Наврӯз корашонро аввал аз оббозӣ кардан оғоз мекунанд ва либоси идона ба бар менамоянд. Пас бузургтарин ва мӯътабартарини хонавода ба эшон ширинӣ аз оби наботу асал ё ширу шакар мечашонад. Дастархони ҳафтсину ҳафтшин мегустаранд, тамоми анвоъи хушхӯрро он ҷо мегузоранд. Базм ороста шодиву сурур мекунанд, «Валвалаоташ» меафрӯзанд. Ин ҳама касро сахт мутаассир месозад…
Рамзњои наврўзї
Рамзњои наврўзї баёнгари орзуњои мост! Инсон ҳамеша бо орзуҳои нек умр ба сар мебарад. Нектарин орзу он аст, ки дар оғӯши ҷашни Соли Нав таманнои расидан ба соли дигарро бикунӣ. Ҳар сол таҷлили ҷашни Наврӯз, ки чун мероси фарҳангии тоҷикон ба рӯйхати ЮНЕСКО ворид шуда, оламшумул гардидааст, нигоҳе ба ояндаи дурахшон аст. Орзуи мардуми ориёиасли мо дар рамзҳои наврӯзӣ зиёд таҷассум ёфтааст. Ҳангоми дидани ин рамзҳо инсон бори дигар нуктаеро дарк менамояд, ки ибтидо ниёгони мо барои ба анъанаи нек табдил додани ҷашну маросимҳо чӣ кӯшишҳо ба харҷ додаанд. Ҳар як ҷашн, махсусан ҷашнҳои пешқадами миллӣ, дорои рамзҳост ва дар маъракаю маросимҳо баёнгари асосии орзуҳо мебошанд. Наврӯз, ки ҷашни пешқадами миллист, аз рамзҳои гуногун хеле бой буда, бештари онҳо то дар хонҳои наврӯзии «Ҳафт шин» ва «Ҳафт син» гирд омадаанд.
Њафт Сину Њафт Шин
Ба ҳамагон маълум аст, ки адади «ҳафт» дар байни аксари қавму миллатҳои ҷаҳон азизу мӯътабар аст. Ҳамин анъана низ ба оинҳои наврӯзӣ алоқаи ногусастанӣ дорад. Адади ҳафт дар назди мардуми форсизабон муқаддас маҳсуб меёбад, чунончӣ ҳафт сураи Қуръон мояи наҷот аст, дар илми нуҷумшиносӣ низ «ҳафт» хони орзу ва мурод ҳаст, дар табиат ҳафт ранг вуҷуд дорад (сурх, норинљї, зард, сабз, обї, нилї ва бунафш), тибқи ақидаҳои аксари динҳои ҷаҳон Парвардигор замину осмонро дар ҳафт рӯз бино кардааст, биҳишт низ аз ҳафт қабат иборат мебошад, мусиқӣ дорои ҳафт нота, яъне оҳанг аст…
Таърихнигорон бар он ақидаанд, ки адади ҳафт пеш аз ислом низ муқаддас будааст. «Ҳафт син» ҳам бо ҳафт амшоспандон, яъне фариштаҳои соҳибмақоми Зардуштӣ робита ва нисбат доштааст.
Њафт амшоспанд:
Аҳурамздо, Баҳман, Урдибиҳишт, Шаҳривар, Сипандормуз, Хурдод ва Мурдод.
Ҳафт ситора: Хуршед, Моҳ, Баҳром, Тир, Ноҳид, Кайвон ва Зовуш.
Ҳафт кишвари офаридаи Аҳурамаздо: Хонирас, Суа, Арза, Ауруштӣ, Ауруҷраштӣ, Видзафш ва Виддафш ном доштаанд;
(Авесто, гузориш ва пажӯҳиш: Ҷалили Дӯстхоҳ, с 865).
Ҳафт дастгоҳи мусиқии куҳан:
Моҳур, Ҳумоюн, Сегоҳ, Чаҳоргоҳ, Шӯр, Наво, Рост ва Панҷгоҳ ва ѓайра.
Њафтсин, дар хони наврўзї, ки аз сабзї, сирко, санљид, самак (гулмоњї), суманак, себ ва сир иборат аст, рамзи баракату сарсабзї, тандурустиву фаровонии мањсулоти кишоварзї, тавоноиву шодобї арзёбї мегардад.
Њафтшин — шир, шакар, шамъ, шаҳд, шамшод (навдаи он) шоҳиспарғам (райҳон), шарбат рамзи нерўмандии љисму аќл, нуру рўшаної, тезии биноии чашму зењн, хушбиниву хушпазирї ба шумор меравад. Илова бар ин, гузоштани шир дар хони наврӯзӣ аз ду сабаб иборат аст. Аввалан, шир рамзи солимиву хушбахтӣ, сафедиву покӣ мебошад. Дар Соли Нав нӯшидани он ба инсон нерӯ бахшида, ба саломатӣ манфиатовар мебошад. Нӯшидани шир ҳатто дар дарбори подшоҳон расм буд ва касе ба он беэътиборӣ зоҳир карда наметавонист. Соли Нав пеш аз ҳама, ба шоҳ дар табақи тиллогин ё нуқрагин шакари сафеду чормағзи ҳиндии тозакардашуда ва ҷоми нуқрагин ё тиллогини ширдор пешкаш карда мешуд. Шаҳду шарбати меваҳои гуногун бо шакар қувватбахшандаи меъдаву ҷигар, дилу гурдаҳои инсон мебошад ва истеъмоли он дар Наврӯз буняи одамро пурқувват мегардонад.
Рамзҳои хони наврӯзии «Ҳафт син» дар тибби халқии тоисломии ниёгонамон шӯҳрати ба худ хосе доштааст ва тахмин меравад, ки ҳанӯз дар замони Сосониён баъзе аз неъматҳои ин дастурхон масалан, гузоштани сабзаи наврустаи ғалладонаҳо ва аз онҳо тайёр кардани нонҳои гуногун, ки Мӯсо ибни Исо-ал- Кисравӣ дар «Китоб-ул маҳосин ва-л -аздод» аз онҳо ёдоварӣ мекунад, расм будааст. Сабзаи наврустаи гандум ё ҷав хони наврӯзии «Ҳафт син»-ро зеб ва шукӯҳи тоза мебахшид. Ин рамз орзуи халқҳои меҳнатӣ ба дастархони пур аз нон дар Соли Нав буд. Сониян, аз ҳамин сабзаи наврустаи гандум таоми идона- суманак мепухтанд. Хушбахтона ин анъанаи таърихӣ имрӯз ҳам побарҷост ва инкишоф меёбад. Мардумони некӯсиришт анъанаҳои наврӯзиро барои наслҳои оянда бо сарбаландӣ ҳифз намудаанд.
Себ, сирко, санҷид ва сир (сирпиёз) дар хони наврӯзии «Ҳафт син» рамзҳои неъматҳое њастанд, ки барои тансињатии инсон зарурӣ буд. Бар иловаи ин, ниёгони мо дар моҳи аввали баҳор истеъмоли сирро барои саломатӣ хеле муфид медонистанд ва дар воқеъ ҳам сир ҷисми инсонро аз бисёр бемориҳо пок мекунад…
Имрўз Наврӯз қариб дар ҳама ҷо бо ҳамон расму оине, ки дошт, аз тарафи мардумон ҷашн гирифта мешавад. Бешак, Наврӯз иди ваҳдат аст. Ҳар қавму миллате, ки имрӯз дар Осиёи Миёна ва то Ғарб Наврӯзро ҷашн мегирад, онро танҳо хоси худ наметавонад ҳисоб кунад. Зеро андешаи ваҳдатгароии Наврӯз аз қадим дар байни онҳое, ки онро ҷашн мегиранд густариш ёфтааст. Наврӯз иқтидори пайвастани қавму миллатҳоро дорост. Ҷашни Наврӯз ҷашни инсону офариниш будааст.
Ва ин ҳикмати бузург дар фарҳанги кабиру ҷовидони мо нуҳуфтааст, ки ваҳдатофарин мебошад.
Н. Фозил
