Озмунҳои ҷумҳуриявӣ

Таҳти раёсати муовини Сарвазири Тоҷикистон ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» доир шуд
Озмунҳои ҷумҳуриявӣ

Таҳти раёсати муовини Сарвазири Тоҷикистон ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» доир шуд

Дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат, раиси Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон -Ватани азизи ман» Дилрабо Мансурӣ ҷаласаи Комиссияи озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».Дар ҳайати комиссияи озмун — Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар аъзои комиссия иштирок намуданд.Раиси комиссияи озмун Дилрабо Мансурӣ дар ҷаласа иброз намуд, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» таҳти сарпарастӣ ва назорати қатъии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, зарурати омодагӣ ва баргузории навбатии он дар сатҳи баланд аз сохторҳои марбута ҳисси баланди масъулият тақозо менамояд.Дар ин робита гуфта шуд, ки бо назардошти талаботи замон ва таҷрибаҳои андӯхта дар Низомномаи озмуни имсола бо пе...
Нахустин ҷаласаи кории ҳайати комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм фурӯғи маърифат» дар соли 2024 баргузор гардид
АСОСӢ, Озмунҳои ҷумҳуриявӣ

Нахустин ҷаласаи кории ҳайати комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм фурӯғи маърифат» дар соли 2024 баргузор гардид

Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи соли 2024 оид ба баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Илм фурӯғи маърифат» дар соли 2024 нахустин ҷаласаи кории ҳайати комиссияи озмун баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд.Дар ҷаласа муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм фурӯғи маърифат» Дилрабо Мансурӣ, аъзои комиссия ва дигарон иштирок ва суханронӣ намуданд.Дар оғоз муовини Сарвазири мамлакат таъкид дошт, ки барои дар сатҳи баланд гузаронидани даври якум ва дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм фурӯғи маърифат» дар соли 2024 бояд тамоми тадбирҳо андешида шаванд.Ҳамзамон иштирокдорони ҷаласа доир ба мушкилот ва камбудиҳои зимни баргузории озму...
Дар Осорхонаи миллӣ дастовардҳои ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» ба намоиш гузошта шуд
Озмунҳои ҷумҳуриявӣ

Дар Осорхонаи миллӣ дастовардҳои ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» ба намоиш гузошта шуд

Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Инъикоси дастовардҳои ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар Осорхонаи миллӣ» намоиш ифтитоҳ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи методӣ ва омода намудани кадрҳои илмии Осорхонаи миллӣ Алишер Зарипов иттилоъ дод.Дар маросими ифтитоҳи намоиш директори Осорхонаи миллӣ Зафаршо Иброҳимзода, намояндагони вазорату ниҳодҳои марбутаи мамлакат ва гирандаи Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» Муҳаммадҷон Ҳакимзода иштирок намуданд.Дар намоиш асарҳое, ки дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2023 аз номинатсияи санъати тасвирӣ ва дизайн соҳиби Шоҳҷоиза, ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм гардидаанд, ба тамошо гузошта шудаанд.Бояд гуфт, ки соли 2023 озмун аз ...
Дар Бадахшон ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ ва озмунҳои ҷумҳуриявӣ ҳавасманд гардиданд
Озмунҳои ҷумҳуриявӣ

Дар Бадахшон ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ ва озмунҳои ҷумҳуриявӣ ҳавасманд гардиданд

ДУШАНБЕ, 06.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон маросими қадрдонии варзишгарон, мураббиён, ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ ва озмунҳои ҷумҳуриявӣ баргузор гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар ин мақомот.Гуфта шуд, ки ҳанӯз аз оғози солҳои аввали истиқлолият ҷавонон ҳамчун қувваи пешбарандаи ҷомеа дар меҳвари сиёсат ва диққати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифта, дар ин замина барои дастгирии ин қишри ҷомеа тадбирҳои муассир ва саривақтӣ андешида шуданд. Дар доираи қабул ва татбиқи якчанд барнома, консепсияю стратегия дар соҳаи сиёсати ҷавонон дар самти тарбияи ватандӯстӣ, таҳсил ва маърифатнок намудани онҳо чораҳои таъхирнопазир амалӣ шуданд.Таъкид шуд, ки бо ташаббус ва дастгириҳои пайвастаи Сарвари давлат дар ...