СУХАНИ УСТОД БАРОЯМ ДАРСИ ЯКУМРА ШУД

Дар бораи ин марди донишманд, ходими намоёни сиёсӣ, њизбӣ ва давлатӣ Ќаҳҳоров Абдулаҳад Ќањњо-рович бисёр гуфтаанд, китобњо на-виштаанд ва ман ба он гуфтањо шарик шуда фаќат он хотирањоро, ки нисбати устод њангоми дар вазифаи директори филиали архиви давлатии вилояти Ленинобод дар ш. Ўротеппа (ҳоло вилояти Суғд) будан иброз намоям. Моњи октябри соли 1976 маро аз вазифаи дастурдињии коми-тети шањрии ўротепагии њизби коммунистї ба сарварии филиали архиви давлатии вилояти Ленинобод дар шањри Ўротеппа тавсия дода буданд. Шояд ин сабабе дошт, ки ман њар як њуљљатњои таърихии ба дастам афтодаро бо назари ояндабинї нигоњ мекардам. Аз рўи он маќолањо менавиштам ва шояд ба њамин хотир барои омўхтани њуљљатњои таърихии шањру ноњияњои Ўротеппа (Истаравшан) ,-Ѓончї њоло Деваштич, Панљакент, ноњияњои Айнї ва Зафаробод, ки дар бойгонии аз солњои 1917 то имрўз ба тариќи парванда 65000 нусхаро дарбар мегирифт, фиристонда бошанд.

Њамон солњо бойгонии Ўротеппа яке аз бонуфузтарин бойгонињои љумњурї ба шумор мерафт ва 22 нафар ба кори љустуљў ва коркарди илмии њуљљатњо чї дар бойгонї ва чї дар корхонаю муассисањо машѓул буданд.

        Пеш аз он ки ба кор оѓоз кунам, ман бояд ба Душанбе рафта аз суњбати Сардори саридораи бойгонињои давлатии Љумњурии Тољикистон Абдулањад Ќањњоров мегузаштам.

        Пеш аз он ки ба Душанбе равам ба љонишини аввали сардор Мира Ароновна Спевак занг зада худро шиносондам ва пурсидам, ки барои суњбат равам ё не?:

        Он шахс гуфтанд, ки ман бо А. Ќањњоров гуфтугў мекунам ва якбора аввалњои моњи январ ба љаласа омода иштирок кунед ва њамон ваќт бо шумо суњбат мегузаронанд.

        5 ё 6-уми моњи январи соли 1977 љаласаи љамъбастї мешавад, албатта омада иштирок кунед, гуфтанд М. А. Спевак. Рўзи муайян шуда бо њамроњии сарварони архивњои ш. Ленинобод (њоло Хуљанд) Морозов Н.М, Конибодом Ш.Зоњидов бо сарварии мудири шуъбаи бойгонии комиљроияи вилояти Ленинобод Шарофат Ахмедова ба Душанбе парвоз кардем. Ба љаласа расида рафтем ва дар он бори аввал ман иштирок мекардам. Кормандони бойгонии љумњурї ва вилоятњои онро њанўз намешинохтам. Љаласа тањти роњбарии Абдулањад Ќањњоров оѓоз гардид ва бо њисоботи солона љонишини аввали Сардори саридораи бойгонии љумњурї Мира Ароновна Спевак баромад кард. Боз 3-4 нафар директорони дар вилоятњо будаи бойгонињо баромад карданд. Абдулањад Ќањњоров љаласаро љамъбаст карда, якчанд масъалагузорињо карданд.

Ман дар инљо бори аввал аз наздик Абдулањад Ќањњоровро дида суханрониашонро шунида будам. Он шахс марди босалобат ва њељ гоњ гапи зиёде намегуфтанд. Пас аз муддате котиба наздам омада хабар дод, ки Ќањњоров шуморо интизоранд. Њаяљон вуљудамро фаро гирифт. Дар њайрат мондам, наздашон чї хел дароям, чї мегуфта бошанд? Оё ман ба пурсишњои устод љавоби мувофиќ дода метавониста бошам?

-Ассалому алейкум, гўён вориди њуљраи кории Абдулањад Ќањњоров шудам. Маро дидан замон аз љой бархоста ду се ќадам пеш омада ба саломам алейк гирифта, марњамат шинед гуфта курсиеро нишон доданд. Вуљудамро њаяљон пахш карда буд, сар бардошта наметавонистам.

Ба кори бойгонї аз наздик шинос шудед?-пурсиданд. -Ња,  пурра шинос шудам гуфтам. -Шунидам, ки шумо маќолањо низ менавиштед, ин кори бисёр хуб аст. Акнун метавонед дар асоси њуљљатњои бойгонї дањњо маќола нависед гуфтанд А.Ќањњоров. Дўстони ман дар Ўротеппа Байзо Ќурбонов, Муъминљон Ашуров, Толиб Додобоевро мешиносед?- пурсиданд. Ња, ман онњоро хеле наѓз мешиносам, тез-тез вохўрда меистем. Саломатиашон хеле хуб. Рањмат,-гуфтанд, њамин ки ба Ўротеппа рафтед  аз номи ман салом расонед.

Канї гўед, кишоварзони Ўротеппа дар соли 1976 чї ќадар ѓалла, ангур, мевањои донакдор љамъоварї карданд? Оё  наќша иљро шуд ё не?

Ман сурх шудаму чї гуфтанамро надонистам, зеро ягон маълумоте надоштам. Абдулањад Ќањњоров фањмиданд, ки ба ин савол љавоб дода наметавонам, гуфтанд: Шумо яке аз роњбарони шањри ќадимаи Ўротеппа њисоб мешавед. Дар оянда як дафтарча кушоед ва њамаи наќшаи солона чї дар кишоварзї ва чї  саноатї ва иљроиши онро навишта монед, њангоми зарурат аз он истифода мебаред. Ин аввалин дарси устод ба ман буд. Њамон рўз устод пурсиданд, ки дар кор чї мушкилињо доред? Илова намудам,ки фасли зимистон,  тунукањои болопўши гирди бом ва трубањои обдавии он пусидааст. Об ба дохили бино даромада ба нигоњдории њуљатњо тањдид карда истодааст.

Гарчанде ман ба ташкилотњои дахлдор мурољиат кардам. Аммо ягонтои онњо барои таъмири ќубурњои обдав ва тунукањои лаби бом розї нашуданд ва ё маблаѓи калон пурсиданд, ки мо ин гуна маблаѓ надоштем.

Устод сухане нагуфта гўшаки телефонро бардошта ба шахси он тараф буда гуфтанд.- Сангмањмад чї мешавад, ки роњбарияти комибинати хизмати маишии Ўротеппаро вазифадор намоед њамон тунукањои гирди бомпушро (трубањои обдавро) ва ќисман боми онро аз нав созанд. -Хуб гуфт, аз он тараф. Албатта иљро мешавад.

Ман 5 рўз бо корњои бойгонї шинос шуда, баъд ба Ўротеппа омадам ва бинам ќисман тунукањои болои бому обдавњо аллакай азнав сохта шуда буд. Њол он ки ба комбинати хизмати маишї борњо мурољиат карда будам, азнавсозии онро рад карда буданд.

Пас аз ду сол системаи гармидињї, ки ба системаи шањрї пайваст буд, аз кор баромад, радиатор ва ќубурњо аз хунукии сахт кафида корношоям шуданд. Дар ин бора ба муњтарам А. Ќањњоров гузориш карда масъаларо фањмондам. Он шахс гуфтанд, ягон муттахасиси соњаро ёбед сметаи харољотро тайёр кунед ва чї ќадар ќубур, радиатор ва ба он вобаста банду обрезњоро нишон дињед ва онро худатон назди мо гирифта оред.

Дар бадали як њафта њуљљатњоро тайёр карда ба шањри Душанбе рафтам ва бо А. Ќањњоров вохўрда, њамаи њуљљатњоро нишон додам. Он шахс ба ман чизе нагуфта гўшаки телефонро бардошта, салом Ўзбакбой, як хоњиш њамин директори бойгонии Ўротеппа наздатон меравад кумак кунед. Пагоњи рўзи дигар ба Хуљанд парвоз кардам ва соатњои 10-и пагоњ наздашон рафтам. Он шахс љонишини раиси комиљроияи вилояти Ленинобод оид ба таъминот буданд.

Баъди њолу ањволпурсї ба њуљљат нигоњ карда гуфтанд:

— Ин мањсулотњои оњанї, ки барои системаи гармидињї навишта омадед, яксола наќшаи вилоят аст. Хайр, агар Абдулањад Ќањњоров намегуфтанд, ман ин ќадар мавод дода наметавонистам. Аз базаи дар Ќайроќум буда дар асоси њуљљатњо ба мошини боркашони «Шаландра» бор карда барад. Моњи ноябр буд. Бо сардории котиби дуюми комитети шањрии партия Клюкин штаби таъмир созмон дода, мутахассисони соњаро гирд оварда, ба азнавсозии системаи гармидињии бойгонї шуруъ карданд. Расо баъди ду моњ 31 декабри соли 1978 тамоми системаи гармидињиро аз нав сохта ба истифода доданд. Хурсандии кормандони бойгонии Ўротеппа њадду канор надошт. Онњо акнун бо гармии доимї таъмин шуда буданд.

Дар бадали 17 соли роњбари бахши бойгонии давлатии вилояти Ленинобод дар шањри Ўротеппа буданам 10 сол дар зери роњбарии Абдулањад Ќањњоров кор карда дањњо китоб ва маќолањои таърихї дар асоси њуљљатњои дар бойгонї мањфуз буда навиштам. Њатто як китобам «Краткий справочник по фондам филиала Государственного архива Ленинабадской области в г.Ура-Тюбе» дар Намоишгоњи комёбињои хољагии халќи СССР сазовори медали биринљии намоишгоњ гашта буд, ки дар байни бойгонињои љумњурї аввалин медали Намоишгоњ ба њисоб мерафт. Њамаи ин пешравињоро устод хуб медонистанд ва боз бо роњњои гуногун кори роњбарони филилалњоро зери назорати доимї нигоњ медоштанд. Он солњо кор соати 09-00 оѓоз ёфта, соати 18-00 ба поён мерасид. Бинобарин боре устод расо соати 17-55 занг зада пурсон шуданд.

-Шумо кай ба кор меоед ва аз кор меравед?

Ман љавоб додам, доимо нимсоат пеш, яъне 8-30 даќиќа, ба кор омада, соатњои 18-30 ё 19-00 аз кор меравам.

-Ња, њамин хел кор кунед, гуфтанд ва моње нагузашта дар љамъбасти соли 1980 бо медали «Отличник архивного дела СССР» маро мукофотониданд. Ин бароям шарафи бузург буд.

12 феврали соли 1984 хабари аз сактаи дил фавтидани Абдулањад Ќањњоров ба мо расид. Њаво гарм буд. Мо аз вилояти Ленинобод кормандони давлатии вилояти Ленинобод, хешу таборон, дўстонашон ва мо кормандони бойгонињои вилояти Ленинобод бо як тайёра соати 8-00 пагоњї парвоз карда, соати 10-30 даќиќа ба њавлии устод расидем. Ба љанозаи устод аз тамоми шањру ноњияњои љумњурї њазорњо одамон омада буданд.

Расо соати 14-00 тобутро бардошта ба ќабристони Сариосиё равон гаштем. Дар њамонљо гуфтанд, ки Абдулањад Ќањњоров ба аёдати духтарашон Назирахон рафта, ањволи вазнини ўро дида, ба сактаи дил гирифтор мешавад ва дилашон аз задан мемонад. Баъди љаноза мо боз ба њавлиашон омадем ва хабар доданд, ки дили духтарашон Назирахони олима низ аз тапидан мондааст.

Назирахонро рўзи 13 феврали соли 1984, яъне баъди як рўзи фавти падар дар ќабристони Сариосиё пањлуи падар дафн мекунанд.

Дар Донишномаи шањри Конибодом дар њаќќи Абдулањад Ќањњоров мухтасар маълумот дода шудааст. Устод 17 апрели соли 1913 дар шањри Конибодом таваллуд шуда, 12 феврали соли 1984 дар синни 71 солагї бо њаёт падруд гуфтанд. Аз худ фарзандони нек ва асарњои зиёди илмию сиёсї боќї гузоштанд. А. Ќањњоров дар фаъолияти кории худ бо 3 ордени Ленин, ордени «Револютсияи Октябр», се ордени «Байраќи сурхи мењнат», ордени «Љанги Бузургї Ватанї» (дараљањои 1 ва 2), дањњо медалу ифтихорномањо мукофотонида шуданд. Узви Бюрои КМПК Тољикистон, Депутати Советии Олии СССР (даъватњои 5 ва 8) Депутати Советии Олии РСС Тољикистон(даъватњои 2 ва 9) буданд.

Ба поси хотири устод Техникуми технологии ш. Конибодом ба номи А. Ќањњоров, кўчањо дар шањрњои Душанбе ва Конибодом ба номи Устод гузошта шуданд.

Ба тахаллуси А. Туробї шеър ва достонњои зиёде эљод кардаанд. Руњашон шоду љояшон љаннат гашта бошад.

                                               Сайфулло Маҳкамов,

                                       рўзноманигор,

Аълочии бойгоншиносии СССР

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *