Воќеан, санъати рассомӣ, тасовири лавҳаи ҳаёт дар зиндагонии одамон маҳсуб меёбад. Таърих гувоҳ аст, ки санъати рассомӣ аз қадим рушд намуда то кунун яке аз касбҳои мондагор ва ҷовидон пойдор мондааст. Дар марҳилаҳои тасвирии ифодаи санъат, метавон дунёи воқеиятҳои ҳақиқӣ, тахайюлӣ, таърихӣ ва монанди инҳоро пайдо сохт, ки онро рассом бо истеъдоди худододӣ ва маҳорату табъи баланди касбӣ ифода месозад.
Санъати рассомӣ ё тасвирӣ аз рȳи шохаҳои тақсимгаштааш, яъне монументалию ороишӣ, дастгоҳӣ, ороишӣ, минётурӣ, диорама ва панорама, амалисозандаи даврони зиндагонии тӯлонии таърих ҳаст, буд ва мемонад.
Ба маҳорати рассомӣ нафаре расида метавонад, ки дар ниҳоди худ ҳисси баланди зебоипарастӣ, завқи мушоҳидакорӣ, лаёқату табъи афроштаи зеҳнӣ, этикӣ ва эстетикаи хубе дошта бошад. Дар чунин ҳолат метавон ин санъати волоро тарғибгари фарҳанги миллӣ номид, зеро фарҳанг худ ҳастии миллат ифода гардидааст. Дар дохил ва хориҷи кишвар чунин санъат муаррифкунандаи фарҳанги миллӣ ва симои зоҳирии он ба ҳисоб меравад.
Дар ин робита баҳри такмили мавзуи “Омўзиши истифодаи технологияи иттилоотии коммуникатсионӣ дар мактабњои рассомї дар кишвар”, Пажўњишгоњи илмї-тадќиќотии фарњанг ва иттилоот гурӯҳи кориро ба шањри Хоруғ ва ноњияи Шуѓнони ВМКБ фиристонид. Бояд ќайд намуд, ки маќсад аз экспедитсияи мазкур гирдоварии мавод дар омӯзиши муассисањои фарњангӣ ва санъат буда, санъату маҳорати рассомї аз ин сафар орї набуд.
Тибќи маълумотҳои ҷойдошта, мактаби санъати ба номи Қурбоншоҳ Ноёбшоев соли 1954 бунёд ёфта, то ба имрӯз фаъолияти хуби кориро ба роҳ мондааст. Мувофиқи матлаб истифодаи технологияи иттилоотии коммуникатсионӣ ҳамқадами замон аст. Омȳзгорон ба толибилмон аз рȳи 10 намуд созҳои гуногун касб меомȳзанд, аз ҷумла фортепиано, асбобҳои халқӣ, баян – аккордион, гитар, рақс, рассомӣ, гулдȳзӣ, драма, асбобҳои нафасӣ ва монанди инҳо. Дар баробари ин омȳзгорони варзидаи соҳибкасб ба таълим ҷалб карда шудаанд.
Мактаберо, ки мавриди пажуҳиш ќарор додем, дорои ду синфхонаи рассомӣ ва се нафар омȳзгори фанни рассомӣ ва тасвирӣ буд. Синфхонаҳои рассомӣ бо аёниятњои дарсӣ ва таљҳизоти рассомӣ таъмин буданд. Албатта, чунин имконияту шароит барои нозукиҳои санъати рассомиро аз худ кардани хонандагон мусоидат кунад ҳам, фазои комили озоди таълим дар мадди аввал меистод.
Ҳамсуҳбати мо Ноёбшоева Зулфиёро яке аз омȳзгорони ботаҷриба, ки собиќаи кории ӯ зиёда аз 35 солро дар бар мегирифт, чунин баён намуд: “Ман собиқаи кории 35 сола дорам, маълумотам миёнаи махсус ва Колељи санъати расомии шањри Душанберо бо баҳои хуб ба итмом расонидаам. Тȳли фаъолияти худ шогирдони зиёдеро ба воя расонидаам. Ҳар сол 13-14 нафар шогирдонро бо завқи баланди санъати рассомӣ ба камол мерасонам. Шогирдонам истеъдоди фитрии рассомї дошта, тасвирњои намудаи онњо гувоњи ин гуфтањоанд”.
Ноёбшоева донандаи касбӣ худ буда, бештар ба кашидани табиати зебоманзари Тољикистон дарс мегȳяд. Мањз талошњои пай дар пайи ӯ буд, ки як зумра шогирдонаш дар озмуни “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” сазовори ҷойҳои намоён гардидаанд. Одинамањмадова Марљонамоҳ дар озмуни љумњуриявӣ сазовори ҷойи II-юм гардидааст. Чоршанбиев Нурафшон, Азизов Нурањмад, Рустамбеков Муаззам ва Хушбахтов Амин дар озмунҳои ноҳиявию вилоятӣ сазовори ҷойҳои намоён гаштаанд.
Ба хонандагон аз китобҳои “Акварей” ва “Рисунок жива” дарс мегȳяд. Барои ҷаззобияти шавқи толибилмон аз шабакаҳои иҷтимої васеъ истифода менамоянд, ки дар шароити имрўз усули пешрафти кору фаъолият аст.
Омȳзгори дигари муассиса Ошурмањмадова Дилбар аст, ки фаъолияти худро мувофиқ ба касби хатмнамудааш идома дода истодааст. Ӯ ба шогирдонаш тасвир намудани расмњои кўњсор, дарахту гиёњ ва монанди онҳоро меомȳзонад. Натиљаи ин омўзиш буд, ки хонандагони синфхонаи рассомї нишон доданд, ки дар муддати кȳтоњ аксњои зиёдеро аз худ карда, тасвирњои гуногунро рўи ќоѓаз ифода намуданд. Маълум шуд, ки Ошурмамадова Д. барои шогирдонашро дар озмунњои љумњуриявї тайёр намуданаш кўшишҳои зиёде ба харљ медињад. Ў пешниҳод намуд, ки зањмат ва мањорату малакаи фитрии хонандагон тариќи намоишу фестивал-озмунњо муаррифї гардад.
Омӯзгори дигари ҳамин муассиса, ки мо мусоњиба намудем, Зулфия Шомањмадова буд. Ӯ тӯли 3 сол боз дар ин муассиса фаъолият менамояд. Шоҳмаҳмадова З. агарчанде таҷрибаи кам дошта бошад ҳам, дар қатори дигар омȳзгорон яке аз пурмаҳсултарин ба шумор меравад. Ба хонандагон дар ду басти корӣ дарс мегȳяд, фаъолити хуби дарсиро ба роҳ монда, бештар бо лаёқати хоҳиш доштаи хонанда ба эҷоди тасвире машғул мешавад. Маќсади ў тарбияи рассомони касбї ва шиносонидани мањсули эљоди онњо дар сатњи љумњуриявї аст.
Дар идомаи сафар синфхонаи рассомии мактабњои санъати №1 ба номи А. Шоњзода ва №2-и ноҳияи Шуғнон мавриди пажуҳиш ќарор гирифтанд.
Мактаби №1 соли 1974 таъсис ёфта, гарчанде шароити кунунии муассиса ба талабот ҷавобгȳ набошад њам, омӯзгорон бар онанд, ки ба хонандагон шароити хуби дарсӣ фароњам бошад. Хонандагон мањорату дониши хешро таќвият дода, асарњои гуногунро дар санъати рассомї меофаранд. Бояд ќайд кард, ки муассиса бо технологияи њозиразамон таъмин нест. Устодон бо роњу воситањои имконпазир хонандагонро аз пешрафти санъати рассомї ва вазъи он бархўрдор менамоянд.
Ногуфта намонад, ки дастоварди хонандагон аз фаъолияти пурмањсул ва таљрибаи омўзгор дарак медињад.
Зафардодхонов Ќањрамон аз омȳзгорони боистеъдоди санъати рассомӣ буда, фаъолияти кории 42-сола дорад. Дар рафти санҷиш таҷрибаи сермаҳсули санъати волои рассомї дар симо ва њаракатњои офарандагии ў таҷассум мегардид. Дар синфхона таљҳизотњои рассомӣ муҷаҳҳаз буда, вазъи таълим мувофиқ ба талаботи дарсӣ ба роҳ монда шуда буд. Зафардодхонов Ќањрамон дар ҷодаи санъат яке аз устодони варзидаи санъати касбии академӣ аст. Муддати фаъолияташ шогирдони соњибистеъдоди зиёдеро тарбия намудааст. Айни њол дар синфхонаи рассомї 14 нафар хонандагон ба рассомӣ ва тасвир машѓуланд, ки аксарашон истеъдоди наќќошии хуб доранд.
Аз натиҷагирӣ дар самти соҳа мебояд гуфт, ки Олимшоев Алишо аз зумраи хонандагони боистеъдоде аст, ки дар озмунњои ноњиявї, вилоятї ва љумњуриявї иштирок намудааст. Тасвирњои дар долону синфхона насбгардида аз ќабили муҷассамаи “Исмоили Сомонӣ”, бинои “Китобхонаи миллӣ”, “Қалъаи Ҳисор”, “Тамаддуни ориёӣ” ва “Кȳњсори Помир” амали рассомии ўст.
Дар суњбат ў иброз намуд, ки: “Айни њол дар синфи 10-ум тањсил мекунам. Азбаски касби рассомиро хеле дўст медорам ва аз овони хурдсолї дар замири ман љой дорад ва мехоњам рассоми соњибкасб шавам. Барои њамин, баъди хатми мактаб маќсад дорам дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирї ва дизайни Тољикистон дар риштаи санъати тасвирї тањсилро идома дода, соҳиби обрӯю эътибор бошам”.
Мактаби санъати №1 дар маркази ноњияи Шуѓнон ва мактаби санъати №2 дар дењаи Барсем арзи ҳастӣ доранд. Мактаби санъати №2 замони соњибистиќлолї, аниќтараш соли 2009 бунёд гардида, фаъолияти на он ќадар тулонї дорад. Дар 15 соли фаъолият дар самти соҳа мусиқӣ, рассомї, кандакори, гулдȳзӣ ва дўзандагию бофандагӣ амал мекунанд.
Бояд ќайд намоем, ки дар натиҷаи сар задани ҳолатҳои фавќулодда – омадани сел ин мактаб ба мавзеи дигар кӯчонида шуд. Айни ҳол шароити на он ќадар хуби дарсї дорад. Чунин шароити таълим камбудињои зиёдеро ба бор меоварад, ки мȳҷиби пош гардидани санъати касбӣ шуданаш имконпазир мегардад. Синфхонаи рассомӣ ва дȳзандагию бофандагӣ дар як ҷой ба пешрафти машғулиятҳо ва сифати он боис мегардад.
Озодбеков Љангибег яке аз омȳзгорони пуртаҷрибаи муассиса ба њисоб меравад, бо талошҳои зиёда аз 37-солааш саъй дорад мушкилиҳои ҷойдоштаи соҳаро дар муассиса бартараф намояд, 13 соли охир дар муассиса фаъолият карда истодааст. Рафти таълимро бо хонандагон хуб ба роҳ монда, теъдоди зиёди шогирдонро тарбия намудааст.
Яке аз масоили мушкиливу норасоии ин нарасидани синфхонаи рассомӣ буд, ки Озодбеков чунин ибрози ақида дошт: “Мушкили асосӣ он аст, ки таълим то имрȳз аз рўи барномаву дастурњои замони шуравї ба роњ монда мешавад. “Рисунок жива” ягона китобе аст, ки омȳзгор ва хонандагон дар таълим ба он такя мекунанд. Барои омўзиши санъати рассомї дар синфхона бо забони давлатї китоб ё айёниятҳои таълимӣ мављуд нест. Азбаски бештари хонандагон аз рўи завќ ба ин гурўњ меоянд, кўшиш мекунем, ки тавассути шабакањои иљтимої аз олами санъати тасвирии кишвару љањон шогирдонамонро бењтару хубтар омўзонем ва бархўрдор намоем”.
Хулоса, вазъи таълими санъати рассомӣ дар мактабҳои санъати шањри Хоруѓ ва ноњияи Шуѓнон новобаста аз мушкилиҳои ҷойдошта хуб ба роҳ монда шуда, омȳзгорон хонандагонро дар рȳҳияи баланди касбӣ тарбия менамоянд. Бештаре аз хонандагон омȳзиши санъати рассомиро балад медонанд, дар озмунҳо сазовори ҷойҳои намоён гардидаанд. Мањз чунин фестивалу озмунњо шавќу завќи хонандагони боистеъдодро баланд бардошта, барои мутахассиси хуби соња шуданашон замина мегузорад.
Ҷанбаи дигари тадќиќот мушкилиҳои мавҷудбударо ифшо сохтан нест, вале мушкили асосї таъмини мактабҳои санъат бо бинои алоҳидаи замонавӣ аст, ки оиди масъалаи мазкур соҳаи фарҳанги вилоятро зарур аст, ки дар њамкорї бо мардум ва соњибкорон мактабҳои санъат ва тасвириро аз мадди назари худ дур намонанд, дар беҳдошти онҳо мусоидат намуданро ќобили ќабул мешуморам.
Абдусамад ШАРИПОВ,
ходими пешбари илмии шуъбаи
фаъолияти иҷтимоӣ-фарҳангии ПИТФИ
