Як рўз аз умри зани деҳот

Ҳамеша дар оинаи нигоҳам зиндагиномаи бонувон бозтобӣ мегардад. Аз чӣ бошад, ки нигоҳи аксарияташон дардолуд аст. Дуру дароз ба чеҳраҳояшон дида дӯхта, банди хаёл мешавам.

… Боре ба дења рафтам. Мењмони хондадоне шудам. Соҳибхоназан карсони пур аз хамирро бардошта оварда рӯи сӯфа гузошт. Дасту остин барзада хамирро рост кард. Ба ангуштони борику тани лоғараки ӯ менигаристаму дилам месӯхт. Бар замми ин, ӯ зуд-зуд месурфид. Ба хаёлам, андаке таб ҳам дошт, ки ду гунааш лола барин сурх буд.

– Апа, шумо беморед? Беморхона равед намешавад? – суолаш додам. Ў дастонашро аз порахамирҳои часпак бо орд тоза карда, як ба сӯям назар дӯхту гуфт:

– Барои ба духтур рафтан шароит надорам… Њатто дираме њам…

Ростӣ, аз пурсиши худ пушаймон шуда ба ҳамсуҳбатам чӣ гуфтанро надонистам. Чӣ  гӯям? Ҳайронам.

Зан боз машғули хамирросткунӣ шуда, онҳоро гирда мекард. Рӯяшро дидам, ки арақшор мешуд. Ва боз месурфид паи ҳам. Ҳамин тавр, хамирро рост карда, болояшро бо карбосе пӯшонд ва сӯи ошхона равон шуд. Ман ҳам ҳамроҳаш. Аввал ба ҳезумхона рафта як дарза янтоқро оварду ба оташдон партофта гӯгирд зад. Янтоқи хушк бо як аланга задан хомӯш шуд. Соҳибхоназан боз паи аловӣ рафт. Баъд аз муддате як банд бастаи танаи ҷуворимаккаи хушкро оварду ба танӯр гузошт  ва пуф кард. Дуд сару рӯяшро фаро гирифт. Алов оҳиста даргирон гашту чашмони зан ғарқоби ашк.

– Бубинед, хоҳарам. Аҳволам дар ҳар навбати нонпазӣ ҳамин. Чӣ илоҷ? Бачаҳо нон мегӯянд. Агар нон напазам, ҳолашон чӣ мешавад, худатон медонед, – гуфту ба алам ашки чашм рехт.

Ба ин зани деҳотӣ дилам месӯхт. Ғайр аз тасалло додан дигар илоҷе надоштам. Баъд шиква кард ҳамсуҳбатам. Дар деҳот корхонае нест, ки мардон кор кунанд. Зан бори рӯзгорро ба шонаҳояш бардошта, панҷ фарзандро мехӯронду мепӯшонд. Бар замми ин, боз шавҳараш касалманд. Маблағе нест, ки шавҳараш  табобат гирад…

Соҳибхоназан таи куртаи тунук дар ҳавои сарди фасли  дай назди оташдон нишаста нон  пухт. Бӯи нон ба димоғ расиду дар лаби зан табассум дамид. Нонро аз танӯр канду наздам гузошта, “Хӯред,  хоҳарам” – гуфту боз аз паси нонсурхкунӣ шуд. Ба нон нигаристаму шукронаи онро намудам, ки дар хонадони мардуми деҳот фаровон аст…

Нисфирӯзӣ шуд. Тифлакони соҳибхоназан назди дастурхон чун чӯҷаякон истода, ҳар замоне даст ба бардаҳои нон мебурданд. Ба дастархон менигаристам. Рӯи он ду нон ва бари он дар зарфе шакар. Модар ба табақи чӯбин пораҳои нони хунукро реза карда, болояш шӯрбо кашида  оварду пеши кӯдаконаш гузошт. Кӯдакон шодикунон хӯрокро хӯрданд. Сипас, боз паси ҷаҳони кӯдакӣ ба берун рафтанд. Дар хона ду тан мондем: ману соҳибхоназан. Ба сақфи хона, ки ҷо-ҷо дуди бухорӣ “нақш” гузошта буд, нигариста, сипас, нигоҳам ба фарши он афтод. Соҳибхоназан магар сардии хонаро эҳсос кард, ки даст ба ҷониби бухорӣ бурд. Ман ҳам ба бухорӣ ангуштонамро расонидам. Бухорӣ чун ях сард. Соҳибхоназан тоқаташ тоқ шуда, бо алам гирист.

– Чӣ илоҷ?  Чор тапаки тобистон аз подаҷо  ғун кардаам ҳам тамом шуд. Охир, зимистони имсола хеле сард омад. Ба кӯҳ равам гӯям, хеле дур. Мегӯянд, ки дар кӯҳ аз дасти одамон ҳезум намондааст. Дар деҳаи мо газ нест. Як мошини кумур (ангиштсанг)-ро хеле ќиммат мефурӯшанд. Пуле надорем, ки ним мошин харид кунем. Кумур бошад, бе ҳезум дар намегирад. Зимистони дароз кӯдаконамро зери курпа маҷбур мехобондам, то хунукӣ таъсирашон накунад.  Дидед, қариб ҳамаашон месурфанд. Духтури ҳамсояамро илтимос карда овардам. Онњоро муоина карда гуфт, ки ба шушҳояшон хунукӣ таъсир кардааст. Дору қимат. Шароити харидани доруҳоро надорем. Дар байни деворҳои ҳасрат рӯзе нест, ки аз камбизоатӣ  гиря накунам. “Камбағалӣ айб нест” – мегӯянд, хоҳарам. Чӣ бояд кард, ба тақдир тан хоҳам дод.

Беихтиёр ашки чашмонам рӯи рухсораҳоям шорид. Худро ҳеҷ бахшида наметавонам, ки ба ин муштипари муҳтоҷ кӯмаке карда натавонистам. Танҳо бо суханони гарм тасаллояш додам. Барояш дилам месӯхт. Ғарқи суҳбат шом шудани рӯзро надида мондем. Соҳибхоназан миёни дардмандашро молида-молида бархост ва сӯи оғил рафт. Зан коҳрезаҳоро аз кунҷаки оғил ғун карда, ба охури гов рехт. Ба модагов зеҳн мондам. Аз харобӣ устухони гов аз зери пӯст намоён буд. Гӯсолааш бениҳоят хурдҷусса, базӯр рост меистод.

– Хайрият, як моддагов дорем. Ана ҳамин моро аз гуруснагӣ наҷот дод, – гуфта ба ширдӯшӣ сар кард соҳибхоназан. Ширдӯшон суханашро идома дод: “Парвариши ин чорвояк низ бароям мушкил аст. Ќисми зиёди заминҳои хоҷагиро пахта кишт мекунанд. Заминҳоро ба онҳое додаанд, ки дороанд. Ба мо – камбағалон як ваҷаб ҳам замин нарасид.

Рост аст суханони ӯ. Барои мардум биринҷу гӯшту пиёз ва ҳоказо лозим аст-ку. Бубинед, чанд сол пештар дар бозор нархи нарху навои маводи хӯрока хеле арзонтар ба назар мерасид. Имрӯз чӣ? …

Зан боз суханашро идома дод:

– Пештар аз адирҳо алаф мекашондем. Тобистони гузашта ба адир рафта будам. Атрофи адирҳоро ҷо-ҷо симпеч дидам. Як банди даста аз реша бастаму гирён ба хона баргашта, пеши гов партофтам. Илоҷи дигар нест. Ба ҳайвон раҳмам омад. Падари бачаҳоро гуфтам, ки говро ба бозор бурда фурўшад. Бе шири гов оё устухони кӯдак сахт мешавад? Ў суоломез ба ман нигаристу даст афшонд ва бархоста ба ошхона рафт, то камтар шири дар сатил бударо биполонад. Ростӣ,  дидам, ки шири дӯшидааш нисфи сатилчааш  ҳам набуд.

– Шири буз аз ин шири гови ман зиёдтар аст, – гӯён хандаи дардолуде кард соҳибхоназан. Хандаи ӯ ба ном “ханда” буд. Яъне дар мавҷи хандааш ғаму андуҳи нодорӣ ниҳон буд. Ман онро эҳсос намудам, дар замири мағзу ҷони равону тан. Медидам, ки ин зан имрӯз чӣ қадар мушкилоти рӯзгорро ба дӯш гирифта. Соҳибхоназан ду сатил ба даст гирифта ба тарафи ҷӯйбор рафт. Ӯ аз  ҷӯйбор, ки обаш лойолуд буд, сатилҳоро пури об кард. Як каф аз он ҷӯи об гирифта нӯшидан хостам. Об бӯйи лойиқа мекард.

– Ана ҳамин обро тагшин карда, соли дароз менӯшам, – гуфт роҳравон соҳибхоназан.

Роҳи байни хонаву ҷӯйбор хеле дур буд. Дам гирифта — дам гирифта дар кӯчаи пурлой то ба хонаи соҳибхоназан расидем…

Зан чароғ даргиронд. Хонаро чароғ равшан кард. Чашмонам ба лампочкае, ки дар шифти хона ҳайрону овезон буд афтод. Аз нигоҳам соҳибхоназан пай бурд магар, ки боз лаб ба гуфтор бурд:

– Чанд соли умрамон дар торикӣ гузашт. Шукр, ки чанд соате қувваи барқ медиҳанд. Мегӯянд, ки барқро сарфа мекунанд. Аз радио шунида будам, ки оби дарёи Вахш ҳам паст фуромадааст. Аз ин рӯ, НБО-ҳо пурра кор карда наметавонанд. 

– Ҳа, хайр ба ҳамааш шукр, хоҳар. Калонҳо медонанд, – гуфт зан маро аз андеша раҳонида. Аз дур шуввоси дарё ба гӯшам расид. Боз андешаи дигаре дар сарам ғалаён мезад. Чаро соҳибкорону дороёни мо аз ғаму дарди деҳотиён воқиф намешаванд? Оё дар ҳар деҳа сохтани НБО-ҳои хурдро ба зимма гирифта наметавонанд? Вақти он нест, ки ба ҷойи иморату қасрҳои пуршукуҳу тарабхонаҳо дар деҳот НБО-ҳои хурд сохта, ба камбизоатҳо дасти шафқат дароз кунанд?

Охир, дар беморхонаҳо ҷойи хоб ва хизматрасонӣ ба беморон пулакист. Оё имрӯз ҳар як сокини деҳот, ғайр аз рӯзгорашро пеш бурдан, магар имкони боз дар беморхона пулакӣ шифо ёфтанро дорад? Кӣ ин қонунро қабул кардааст? Ё ин қонун ҳам дар қатори “Қонунҳои нонавишта”-и зиндагии мардуми мо худ аз худ сабт ёфтааст?  Чаро дар аксар давлатҳои дигар хизматрасонии тиббӣ барои шаҳрвандонаш бепул аст?  Чаро дар кишвари мо чунин набояд бошад? Магар ин усул дар кишвари мо барои мардуми камбизоат, умуман,  ҳамагон ранҷ нест?…

Бори ин андешаҳо дар кӯчаҳои торики деҳа қадам мезадам…

… Љашни Наврӯзи аҷам бо накҳати атрогинаш ба сарзамини биҳиштосои мо бо пироҳани гулранг қадам ранҷа дошт. Бо омади иди Наврӯзи дилафрӯз табиати диёри ҳамешаофтобии мо сабзу хуррам, ҳаво тозатару бонафосаттар, дили хурду бузург кушодатар мегардад.

Ва рӯзе боз меҳмони ин бону шудам. Ин маротиба ӯ кушодарӯву хушлибос. Ӯ фасли сарморо чун дигарон паси сар кард. Бонуи шукуфтачеҳра  акнун дар тараддуд буд. Табақи сабзаи суманакро нишон дода, аз сари девораш гирифта аз наздамон гузаронд. Бӯйи хуши майсаҳои суманак ба машом хуш мерасид.

– Наврӯз наздик, тайёрӣ дида истодаем. Дар гузарамон Наврӯзро ҷашн мегирем. Нахӯду лӯбиёву донагӣ ҷамъ карда истодаем. Маро бошад, далдапаз таъйин кардаанд, — гуфт бону ва рӯ ҷониби мо карда:

-Шумо ҳам, албатта, ба Наврӯзии мо биёед. Ид дар якҷоягӣ боз ҳам хубтар мегузарад.

– Ҳатман меоем, – гуфта хайрухуш кардам.

Кош, то Наврӯзи оянда тамоми каму пастиҳои мардуми мо бартараф шавад. Ай Наврӯзи Аҷам, чунин таманниёт дорам аз ту!

Тоҷиниссои ЗАЙНИДДИН

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *