Рўзи модарон

Модар

Модар будан эњсоси наҷибест, ки қариб ба ҳар як зан ошност. Модар сухани аввали њар тифл аст.

Олимон дар љањон тадқиқот гузаронида, ба хулосае омадаанд, ки калимаи “модар” -ро худи фарзандон ихтироъ кардаанд. Калимаи «модар» тақрибан дар ҳама забонҳо якгуна ё хеле монанд садо медиҳад. Масалан русҳо (мама), испаниҳо (madre), олмонињо (mutter), форсизабонон (модар) ва ѓайра қариб якхел ин калимаро талаффуз мекунанд, танњо бо каме фарќият.

Гуфтем ки кудакон худашон калимаи модарро аввалин бор сохтаанд. Оре! Аввалин њиљое ки бештари тифлон бори нахуст талаффуз мекунанд, њиљои “ма”, “мам” ё “мама” мебошад. Ин аст, ки қариб  дар тамоми забонҳои  ҷаҳон ин ҳиҷо дар калимаи “Модар” истифода мешавад.

Асосгузори сулњу вањдати миллї, Президенти Љумњурии Тољикистон, Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон ишќу самимияти хешро нисбат ба модар чунин иброз доштаанд: “Модар ба истилоњ вожае мебошад, ки дар тамоми забонњои љањон оњанги навозишкорона дорад ва њар ќадаре ки муњаббати инсоният ба модар зиёд бошад, њаёт њамон ќадар фарањбахшу дурахшон мегардад. Њусни њаёту файзи зиндагонии мо аз модар аст ва ў ситораи дурахшонест, ки бо нерўмандии атокардаи Худои мутаол роњи фарзандро дар тўли зиндагї равшан месозад”.

Њарчанд њар лањзаи њаёт мо мадюни мењру садоќати беназири модар њастем, ин рўзро қариб дар тамоми дунё ба хотири арљ гузоштан ба номи воло, мењру муњаббати бепоён ва беѓарази модар ќайд мекунанд, то ки фарзандон рисолати хешро назди модар дарк кунанд, зеро дар мењвари ин номи бузургу њуљаста љањон мечархад ва пойбарљост!  

  Нависандаи машњури рус Николай Некрасов дар васфи модар   гуфтааст:

“Мо хоҳар, зан ва падари худро дўст медорем, аммо дар ваќти азобу ранљ танњо модари худро  ба ёд меорем.”

Ё худ Максим  Горкий овардааст, ки “Ҳар он чизе, ки дар инсон зебост — аз нурҳои офтоб ва шири модар аст, ки ишқи моро ба зиндагӣ зиёд мекунад”.

Дар 20 кишвари дунё, ѓайр аз 8 март, махсус Рўзи модарро дар якшанбеи дуввуми моњи май љашн мегиранд. Дар байни ин кишварњо ИМА, Канадо, Белљик, Олмон, Маљористон, Љопон, Бразил, Туркиё, Финланд дохил мешаванд. Масалан, Рўзи модар дар Австралиё якшанбеи дуввуми соли 2024 ба 12 май рост меояд.

Аслан таърихи љашни Рўзи модар аз бањори соли 1901 оѓоз меёбад, ваќте, ки занњои хонанишини амрикої бо сатилу дегу кафгирњо барои њимояти њуќуќи хеш ва талаби баробарњуќуќии занону мардон ба кўчањо мебароянд. Пас аз нуњ сол — соли 1910 зани олмонитабори коммунист ва реформатор Клара Тсетки баромад намуда, пешнињод мекунад, ки Рўзи байналмиллалии занон ќабул карда шавад. Маќсади асосии пешнињоди мазкур барќарор намудани баробарњуќуќии коргарзанњо буд. Соли 1914 занњои якчанд мамлакат дар як рўз, 8 март, барои баробарњуќуќии занону мардон муттањид шуданд.

Соли 1914 Иди занон дар ИМА маќоми махсусро касб кард ва соли 1977 Созмони Миллали Муттањид Рўзи байналмилалии занонро расман ба ќайд гирифт.

Бо Ќарори Пешвои миллат Эмомалї Рањмон аз соли 2009 дар Тољикистони озоду ободи мо 8 март Рўзи Модар эълон гаштааст ва њар сол дар арафаи ин љашни мењру муњаббат, њусну тароват, иффату садоќат Сарвари муаззами кишвар бо занону бонувони мамлакат вохўрда, наќши эшонро дар рушду пешрафти љомеъа, тарбияти насли нав, чун намоди покиву иффат, боризу муњим арзёбї ва ќадрдонї мекунанд.

Дар ҳама давру замон зан нақши муассире дар нумӯи ҷамъият доштааст ва то кунун ин вазифаи худро бо сарфарозӣ идома медиҳад. Хизмати зан дар ташаккул ва бунёди ҳар навъ ҷамъияти мутамаддин густурда аст ва ин нақш сутуданист. Аз солҳои аввали истиқлолият проблемаи беҳдошти шароити занон ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Сарвари давлат ва Ҳукумати Љумњурї қарор дорад. Танҳо дар давоми 30 соли истиқлолияти давлатӣ ҳудуди 15 санади меъёрӣ-ҳуқуқӣ дар самти баланд бардоштани ҳуқуқ ва манзалати зан дар ҷомеа ба тасвиб расонида шуд. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа”, ҳамчунин “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷиҳати боло бардоштани мақому манзалати зан дар бунёди ҷомеаи демократӣ нақши муҳиме иҷро карданд.

 Гуфтан вољиб аст, ки дар Паёми созанда ва пурмўњтавои имсолаи худ, Президенти мамлакат Эмомалї Рањмон изҳори қанонатмандӣ намуда, иброз доштанд, ки; “Умуман, дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 256 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм кардаанд, яъне соҳиби маълумоти олӣ гардидаанд. Тибқи маълумоти оморӣ соли 1989-ум ҳамагӣ 66 ҳазор нафар занону бонувон соҳиби маълумоти олӣ буданд”.

Дуюм нуқтае, ки Пешвои миллат дар мавриди занон зикр карданд, фаъолияти ин қишри ҷомеа дар сохторҳои давлатӣ ва иҷтимоӣ буд.

 “Имрӯз бонувони мо, дар баробари фаъолият дар низоми хизмати давлатӣ, корхонаҳои истеҳсоливу хизматрасонӣ таъсис дода, ҳамчун соҳибкорони муваффақ соҳиби эътибору обрӯ гардидаанд. Дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ шумораи зиёди занону бонувони лаёқатманду баландихтисос ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ ҷалб карда шудаанд ва ин раванд минбаъд низ идома дода мешавад”, — иброз доштанд Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Пешвои миллат нақши занонро дар таҳкими арзишҳои миллӣ ва давлатӣ муҳим шумурда, дар Паёми хеш вобаста ба саҳми занон дар ҳаёти кишвар чунин баён намуданд: “Нақши занону бонувон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, инчунин, пешгирӣ кардани омилҳои номатлуби иҷтимоӣ муассир аст. Мову шумо нафақат дар як Рӯзи модар, яъне 8-уми март, балки бояд ҳамеша ва доимо нисбат ба модарону хоҳарону духтарони худ ғамхору меҳрубон бошем”.

Воќеан, имрўз зани тољик дар раванди таҳкими давлатдории миллӣ рисолати нигаҳдории фарҳанг, забон, урфу одат ва анъанаҳо, рисолати ҳифзкунандаи муқаддасоти оила ва тарбияи фарзанд ва рисолати ходими фаъоли ҷамъиятию давлатиро адо намуда истодааст. Ва таҷрибаи беш аз 30 соли соҳибистиқлолӣ собит намуд, ки роҳбарияти давлату ҳукумат, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи таъмини баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалинамоии онҳо диққати ҷиддӣ медиҳанд.

Малика Қодирова,

лаборанти калони шуъбаи бостоншиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *