Наврӯз дар баробари забони тоҷикӣ бунёди худшиносии тоҷиконро низ ташаккул додааст
Бояд гуфт, ки дар масири таърихи дарози халқамон Наврӯз дар баробари забони тоҷикӣ бунёди худшиносии тоҷиконро низ ташаккул додааст. Агар забони тоҷикӣ ҳомии осори фаровону ҷовидонаи илмиву адабӣ ва ҳофизаи таърихии мардуми мо бошад, ҷашни Наврӯз дарбаргирандаву нигоҳдорандаи суннатҳои зиндаи халқ, расму ойинҳо ва фарҳанги миллӣ мебошад. Чунин баён гардидааст дар Паёми шодбошии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Наврӯзи соли 2024.
Ба гуфтаи Сарвари давлат, мо бояд ба хотири ҳифзи асолатамон ба ин арзишҳои бебаҳои миллиамон ҳамеша арҷ гузорем ва онҳоро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем.
Ҳамзамон ба таъкиди Пешвои миллат, тозаву озода намудани манзили зист, аз ҷумла хонасафедкунӣ, ба умеди файзу баракат ва нуру рӯшноӣ берун баровардани шикастпораҳо ва аз гиёҳу алафҳои баҳо...










