Хабарҳо

Паёми шодбошии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Наврӯзи соли 2024
АСОСӢ, Паём, Хабарҳо

Паёми шодбошии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Наврӯзи соли 2024

Ҳамватанони азиз! Ҳамаи шумо – мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори фарорасии ҷашни Соли нави аҷдодиамон – Наврӯзи байналмилалӣ ва зеботарин фасли сол – баҳор самимона табрик мегӯям. Моҳияту ҳикмат ва табиати ҷашни Наврӯз ҳамчун рамзи бузургдошти инсон, пайки пирӯзии гармӣ бар сардӣ ва нур бар зулмот, ойини бедории табиат, эҳёи тамоми мавҷудоти олам дар тӯли ҳазорсолаҳо ба мардуми мо чун омили иттиҳоду сарҷамъӣ хизмат кардааст. Ин ҷашни фархунда ба қалби хурду бузурги ҷомеа умеду орзуи зиндагӣ, хушҳоливу сурур ва рӯҳияи ҳамзистиву осоиш бахшида, мардумро ба дӯстиву самимият ва муҳаббату садоқати инсонӣ нисбат ба ҳамдигар ҳидоят мекунад. Маҳз ба ҳамин сабаб ин падидаи асили табиӣ ва фарҳангӣ ҳаргиз куҳна намегардад ва дар ҳама давру замонҳо ҳамқ...
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин барқияи табрикӣ ирсол намуданд
АСОСӢ, Хабарҳо

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин барқияи табрикӣ ирсол намуданд

18 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст: «Муҳтарам Владимир Владимирович, Шуморо дар робита ба пирӯзии баҳснопазиратон дар интихоботи президентӣ самимона табрик менамоям. Натиҷаҳои овоздиҳии доиргардида боз як далели возеҳи тасдиқи обрӯву эътибори баланди сиёсии Шумо ва аз ҷониби ҷомеаи Русия ба таври васеъ ҷонибдорӣ ёфтани сиёсати давлатиатон ҷиҳати таъмини рушди устувори иҷтимоиву иқтисодии кишвар ва таҳкими мавқеи байналмилалии он мебошад. Мо ба густариши бемайлони шарикии стратегӣ ва ҳамкории ҳампаймонии Тоҷикистону Русия аҳаммияти пайваста медиҳем. Саҳми назарраси Шуморо дар таҳкими тамоми маҷм...
ДУШАНБЕ БА ЯКЕ АЗ ШАҲРҲОИ САБЗТАРИНИ МИНТАҚА ТАБДИЛ ДОДА МЕШАВАД. Бардошт аз конфронси илмӣ-амалӣ дар пойтахти мамлакат
Хабарҳо

ДУШАНБЕ БА ЯКЕ АЗ ШАҲРҲОИ САБЗТАРИНИ МИНТАҚА ТАБДИЛ ДОДА МЕШАВАД. Бардошт аз конфронси илмӣ-амалӣ дар пойтахти мамлакат

То соли 2037 Тоҷикистон ба мамлакати сабз ва пойтахти он –шаҳри Душанбе ба яке аз шаҳрҳои сабзтарин дар минтақаи Осиёи Марказӣ табдил дода мешавад. Чунин гуфта шуд дар конфронси илмӣ-амалии «Нақши шаҳрҳо дар татбиқи ташаббусҳои сабз: таҷрибаи Душанбе», ки имрӯз дар пойтахти Тоҷикистон –шаҳри Душанбе баргузор гардид. Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки конфронс бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар иртибот ба эълон гардидани соли 2025- Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, 21 март- Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо, 22 март- Рӯзи ҷаҳонии об ва соли 2024- Соли маърифати экологӣ дар шаҳри Душанбе, инчунин идомаи ҷонибдории иқдоми байналмилалии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба масъалаҳои обу иқлим ва ташвиқу тарғиби ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон гуза...
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Ғолибони мусобиқаи пойгаи аспдавонӣ муайян шуданд
Хабарҳо

НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Ғолибони мусобиқаи пойгаи аспдавонӣ муайян шуданд

 Ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаи пойгаи аспдавонӣ бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе муайян гардиданд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар». Мусобиқа дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе аз рӯи 8 бахш дар масофаҳои 1200 ва 1800 метр доир гардид.  Ғолибони мусобиқаи пойгаи аспдавонӣ:   Масофаи  1200 метр байни аспҳои зоти тоҷикии дусола Шукрулло Усмонов бо асп бо лақаби «Марҳабо» Аминҷон Абдуқодиров бо асп бо лақаби «Бурак» Фирдавс Саломов бо асп бо лақаби «Ледная ноч» Масофаи 1200 метр байни зоти аспҳои ахалтекин Саломов Фирдавс бо асп бо лақаби «Сарбаланд», Манучеҳр Шарофиддинов бо асп бо лақаби «Стелла» Меҳроб Шамшеров бо асп бо лақаби «Самарқанд» Масофаи 1200 метр байни зоти аспҳои Муассисаи...
СУХАНИ УСТОД БАРОЯМ ДАРСИ ЯКУМРА ШУД
Хабарҳо

СУХАНИ УСТОД БАРОЯМ ДАРСИ ЯКУМРА ШУД

Дар бораи ин марди донишманд, ходими намоёни сиёсӣ, њизбӣ ва давлатӣ Ќаҳҳоров Абдулаҳад Ќањњо-рович бисёр гуфтаанд, китобњо на-виштаанд ва ман ба он гуфтањо шарик шуда фаќат он хотирањоро, ки нисбати устод њангоми дар вазифаи директори филиали архиви давлатии вилояти Ленинобод дар ш. Ўротеппа (ҳоло вилояти Суғд) будан иброз намоям. Моњи октябри соли 1976 маро аз вазифаи дастурдињии коми-тети шањрии ўротепагии њизби коммунистї ба сарварии филиали архиви давлатии вилояти Ленинобод дар шањри Ўротеппа тавсия дода буданд. Шояд ин сабабе дошт, ки ман њар як њуљљатњои таърихии ба дастам афтодаро бо назари ояндабинї нигоњ мекардам. Аз рўи он маќолањо менавиштам ва шояд ба њамин хотир барои омўхтани њуљљатњои таърихии шањру ноњияњои Ўротеппа (Истаравшан) ,-Ѓончї њоло Деваштич, Панљакент, ноњия...
Рушди фаъолияти санъати касбии рассомӣ  дар Бадахшон
Хабарҳо

Рушди фаъолияти санъати касбии рассомӣ дар Бадахшон

Воќеан, санъати рассомӣ, тасовири лавҳаи ҳаёт дар зиндагонии одамон маҳсуб меёбад. Таърих гувоҳ аст, ки санъати рассомӣ аз қадим рушд намуда то кунун яке аз касбҳои мондагор ва ҷовидон пойдор мондааст. Дар марҳилаҳои тасвирии ифодаи санъат, метавон дунёи воқеиятҳои ҳақиқӣ, тахайюлӣ, таърихӣ ва монанди инҳоро пайдо сохт, ки онро рассом бо истеъдоди худододӣ ва маҳорату табъи баланди касбӣ ифода месозад. Санъати  рассомӣ ё тасвирӣ аз рȳи шохаҳои тақсимгаштааш, яъне монументалию ороишӣ, дастгоҳӣ, ороишӣ, минётурӣ, диорама ва панорама, амалисозандаи даврони зиндагонии тӯлонии таърих ҳаст, буд ва мемонад. Ба маҳорати рассомӣ нафаре расида метавонад, ки дар ниҳоди худ ҳисси баланди зебоипарастӣ, завқи мушоҳидакорӣ, лаёқату табъи афроштаи зеҳнӣ, этикӣ ва эстетикаи хубе дошта б...
Як рўз аз умри зани деҳот
Хабарҳо

Як рўз аз умри зани деҳот

Ҳамеша дар оинаи нигоҳам зиндагиномаи бонувон бозтобӣ мегардад. Аз чӣ бошад, ки нигоҳи аксарияташон дардолуд аст. Дуру дароз ба чеҳраҳояшон дида дӯхта, банди хаёл мешавам. ... Боре ба дења рафтам. Мењмони хондадоне шудам. Соҳибхоназан карсони пур аз хамирро бардошта оварда рӯи сӯфа гузошт. Дасту остин барзада хамирро рост кард. Ба ангуштони борику тани лоғараки ӯ менигаристаму дилам месӯхт. Бар замми ин, ӯ зуд-зуд месурфид. Ба хаёлам, андаке таб ҳам дошт, ки ду гунааш лола барин сурх буд. – Апа, шумо беморед? Беморхона равед намешавад? – суолаш додам. Ў дастонашро аз порахамирҳои часпак бо орд тоза карда, як ба сӯям назар дӯхту гуфт: – Барои ба духтур рафтан шароит надорам... Њатто дираме њам... Ростӣ, аз пурсиши худ пушаймон шуда ба ҳамсуҳбатам чӣ гуфтанро надонистам. Чӣ ...
 Рўзи модарон
Хабарҳо

 Рўзи модарон

Модар Модар будан эњсоси наҷибест, ки қариб ба ҳар як зан ошност. Модар сухани аввали њар тифл аст. Олимон дар љањон тадқиқот гузаронида, ба хулосае омадаанд, ки калимаи “модар” -ро худи фарзандон ихтироъ кардаанд. Калимаи «модар» тақрибан дар ҳама забонҳо якгуна ё хеле монанд садо медиҳад. Масалан русҳо (мама), испаниҳо (madre), олмонињо (mutter), форсизабонон (модар) ва ѓайра қариб якхел ин калимаро талаффуз мекунанд, танњо бо каме фарќият. Гуфтем ки кудакон худашон калимаи модарро аввалин бор сохтаанд. Оре! Аввалин њиљое ки бештари тифлон бори нахуст талаффуз мекунанд, њиљои “ма”, “мам” ё “мама” мебошад. Ин аст, ки қариб  дар тамоми забонҳои  ҷаҳон ин ҳиҷо дар калимаи “Модар” истифода мешавад. Асосгузори сулњу вањдати миллї, Президенти Љумњурии Тољикистон, Пеш...
Оинҳои наврӯзӣ
Хабарҳо

Оинҳои наврӯзӣ

Наврӯз - ҷашни офариниш Абӯрайҳони Берунӣ дар китоби «ат-Тафҳим» дар бораи Наврӯз овардааст, ки Наврӯз нахустин рӯз аст аз фарвардинмоҳ ва аз ин ҷиҳат «рӯзи нав» ном кардаанд, зеро ки пешонии соли нав аст ва аввал рӯзест аз замона ва бад-ӯ фалак оғозид гаштан. Яъне, тибқи ривоятҳои қадим Худованд фалакро офарида ва дар Наврӯз ба гардиш даровардааст. Аз тамоми ҷашну идҳое, ки дар байни миллатҳои гуногун таҷлил мегарданд, Наврӯз бо фарҳанги барҷаставу пероста муқаддамтар аст. Зеро пайдоиши онро бо аввалин гардиши фалак баробар медонанд. Инчунин зодрӯзи бузургтарин паёмбарону шоҳони асотирӣ чун Зардушт, Каюмарсу Ҳушанг дар Наврӯз будааст. Воқеъаҳои таърихие, ки ҳамеша равшанӣ бар зулмот пирӯз мешавад, дар Наврӯз ба вуқӯъ пайвастааст. Масалан Таҳмурас дар ин рӯзи фархунда девҳои та...
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Коллеҷи ҷумҳуриявии санъати шаҳри Кӯлоб аз рӯйи 12 ихтисос ба донишҷӯён созҳои миллӣ таълим дода мешаванд
ТАЪРИХ, Хабарҳо

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Коллеҷи ҷумҳуриявии санъати шаҳри Кӯлоб аз рӯйи 12 ихтисос ба донишҷӯён созҳои миллӣ таълим дода мешаванд

Соли 2023 дар Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» 18 нафар омӯзгорону донишҷӯёни Коллеҷи ҷумҳуриявии санъати шаҳри Кӯлоб ба номи Кароматулло Қурбонов фаъолона иштирок намуда, 4 нафар сазовори ҷоиза ва туфаҳои хотиравии озмун шуданд. Аз ҷумла, омӯзгори сози най Фазлиддин Одинаев дар номинатсияи иҷрокунандагии созӣ соҳиби мақоми баландтарин- «Шоҳҷоиза»-и озмун гардид. Дар ин хусус директори Коллеҷи ҷумҳуриявии санъати шаҳри Кӯлоб Шариф Бедаков зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.Иттилоъ дода шуд, ки ҳоло дар Коллеҷи ҷумҳуриявии санъати шаҳри Кӯлоб студияи сабти овоз амал менамояд, ки дар он аз рӯйи 12 ихтисос ба донишҷўён созҳои санъати тоҷик таълим дода мешаванд.Ҳоло дар Коллеҷи ҷумҳуриявии санъати шаҳри Кӯлоб 106 донишҷӯ таҳсил менамоянд, ки 63 нафар тариқи рӯзона ва 43 на...